Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

карда гузошта банданд, дарди буғумҳо ва никрис (подагра)-ро дафъ мекунад.
Барги онро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, барои иллатҳои гуногуни буғумҳои бадан давои шоистае мебошад.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Агар инро бихӯранд, қуввати боҳ мебахшад ва кушандаи кирми меъда аст. Агар инро кӯфта бимоланд, доғҳои кунҷидак ва дигар доғҳоро аз пӯст дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 9 грамм аст.
Зарарҳои ин растанӣ: бадбӯкунанда, баамаловарандаи ҳилти савдо ва инчунин худаш ғизои бад аст. Агар инро аз ҳад бисёр бихӯранд, хобҳои бад ва мушавваш мебинанд.

  1. Кашниз

Ин растании машҳур аст, ки онро дар боғҳо ва ҳавлиҳо зироат мекунанд, инчунин намуди саҳрой ҳам мерӯядаш, вале инаш барои давоӣ заифтар аст.
Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват аст, вале ба қавли Буқрот сард ва хушк мебошад дар дараҷаи дуввум, инчунин сард то охири дараҷаи аввал ва то саввум, аммо хушк дар дараҷаи дуввум гуфтаанд. Ба қавли Абӯҷариҳ дар дараҷаи саввум хушк ва ба қавли Шайҳурраис хушкии он моил ба андак гармӣ ва ба қавли Ҷолинус ҳамаи он моил ба гармӣ бо ҷавҳари гарми сабук, ки ба зудӣ ба таҳлил меравад ва то ба меъда намерасад, ки гармии он зоҳир гардад.
Хислатҳои шифобахши он: кашнизи тару тозаашро бихӯранд, каме тезӣ дорад. 35 грамм оби кашнизи тарро бинӯшанд, хоб меоварад ва бухорҳои бадро, ки аз қисми поёни бадан боло мехеста бошанд, намегузорад, ки онҳо ба майна бароянд ва дохили он гарданд. Агар ба он сирко пошида бихӯранд, ин хислаташ қавитар мегардад. Оби инро дар чашм чаконанд, намегузорад, ки дар он обила дамад ё сурхакон барояд, инчунин зардии чашмро дафъ мекунад. Кашнизро кӯфта, бо шири ҷавонзанон сиришта, яъне хамир карда, ба чашм гузошта банданд, дарди луққосии онро рафъ месозад; ва агар бо нони хушк якҷо кӯфта, ба чашм

пешина
аз 702
навбатӣ