Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Барги тару тозаи онро бо сирко бихӯранд, варами сипурзро дафъ мекунад. Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ҳайз ва пешобро равон мекунад.

Усораи инро бо решаи савсани кӯҳӣ ва натрун (танакори арманӣ) биёшоманд, дарунро меравонад.

Тухмашро бихӯранд, боҳро ба ҳаракат меоварад. Агар инро занҳо баъд аз ҷимоъ кардан аз таг бардоранд, мании дохилшударо вайрон мекунад.

Гули ин растаниро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандшударо равон месозад ва бачаро дар шиками занони ҳомила мекушад, хусусан агар бо орди гандуми девона хамир сохта, ин амалро баҷо оваранд, қавитар мегардад.

Усораи гиёҳи онро бо шароб биёшоманд, захри мори афъӣ ва саги девона газидаро аз бадан дафъ мекунад. Инчунин тухми карами мисрӣ аз ҳамин ҷумла таръёкот аст.

Ҳар як қисми ин растании се навъи ин карами бӯстониро кӯфта гузошта банданд, сахтиҳоро дар ҳар ҷои бадан, ки бошанд, мепазонад.

Барги ин карами бӯстониро бисёр маҳин кӯфта, бо орди ҷав даромехта гузошта банданд, варамҳои гарм ва сарди балғамиро таҳлил медиҳад; сурхбод, шаро (аллергия) ва саратонро шифо мебахшад. Агар ин кӯфтаи барги онро бо намак даромехта гузошта банданд, нори форсӣ ном реши раддитарибро ба таҳлил мебарад; агар инро бо зок ва сирко даромехта, гузошта банданд, барои пес ва шукуфаи пӯст даво мешавад; бо сафедаи тухми мурғ сиришта гузошта банданд, барои сӯхтагии оташ ва кӯтури решгашта дармон мешавад; бо сирко ва ҳулба сиришта, ба решҳои чуқуррафта гузошта банданд, дору мебошад ва онҳоро аз паҳн гаштан манъ мекунад.

Барги ин карамҳоро сӯхта гузошта банданд, захмҳоро башиддат хушк мекунад ва инчунин захмҳои сари тифлонро шифо мебахшад, ҳатто рӯидани мӯйро ҳам манъ месозад, агар ҳамин мурод бошад. Инро бо чарбии хук марҳам сохта гузошта банданд, барои ханозер (хукгардан), ҷароҳатҳои сахт ва дубайлаҳо (кӯряраҳо) дору мешавад. Инчунин инро бо сафедаи тухми мурғ марҳам намуда гузошта банданд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Баргашро кӯфта гузошта банданд иллати ларзак-ро ба ибро меоварад; инро бо орди ҳулба ва сирко хамир

пешина
аз 702
навбатӣ