Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
аз ҳамаи навъҳои дигараш нозуктар ва сабуктар мебошад.
Хуллас, навъҳои карам дар шакл: шомӣ (византиягӣ), ҳамадонӣ, мавсилӣ, андалусӣ ва ғайра мешаванд.
Мақсад аз карами тоҷикӣ гуфтан дар ин ҷо бӯстонӣ (зироатӣ)-и он ва беҳтарин қисмҳои он нозуки берешаи тару тозаи он аст.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои карами тоҷикии бӯстонӣ дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк аст, вале тарӣ дар бехрешааш бештар аз барги он аст.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш: пазонанда, нармкунанда, ва хушкнамоянда аст, хусусан чун дар об ҷӯшонида, он обро пур намоянд, ҳамчун ғизо камтар ва аз наск тармизочтар мегардад. Чун инро бо гӯшти фарбеҳ ва мурғи ҷавон бипазанд, ҳамчун ғизо сара мегардад.
Ин намуд карамро пухта ва инчунин тухмашро бихӯранд, ба мағзи сар баромадани бухорро манъ мекунад, дарди сарро таскин медиҳад, торикии чашмро ислоҳ мекунад ва мастиро дафъ месозад, қабзият меоварад. Агар инро муҳарро пухта бихӯранд ҷараёни моддаҳоро манъ ва хуморро сокин менамояд, Ларзакрэ дафъ мекунад, хоб меоварад, ба чашми хира қувват мебахшад.
Усораи онро, яъне обашро дар офтоб ғафс гардонида, ба даруни бинӣ бирезанд, майнаро аз моддаҳои бегона пок месозад, хоб меоварад ва забонро хушк мекунад.
Ин карамро муҳарро пухта бихӯранд, сурфаи кӯҳна, варами пардаҳо ва узвҳои дохили шикам ва синаро шифо мебахшад.
Ҳар рӯз 25 грамми онро бихӯранд, овозро соф ва гирифтагии онро дафъ мекунад, дарди сипурзро шифо мебахшад; инчунин онро бардавом бихоянд ва оби онро бимаканд, барои овози гирифтагӣ ҳамчунин таъсирро дорад.
Бо усораи он ё ки бо равғани кунҷиде, ки ин карам дар он ҷӯшонида шуда бошад, ғарғара кунанд, дарди гулӯи шадидро шифо мебахшад.
Карами тоҷикӣ ҳамчун ғизо дерҳазм бодангез аст, хусусан дар фасли тобистон рӯндааш чунин мебошад. Ва агар намакхӯрдаи онро дар об ҷӯшонида бипазанд, боз ҳам бадтар мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор