Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Вале агар онро дар об бо гӯшти фарбеҳ муҳарро пухта, бо чизҳои гарммизоҷ бихӯранд, ҳамаи зарарҳояш дафъ мегарданд.

Қаллакрами сафед боднок, оруғ меоварад, вале маниро зиёд мекунад, шаҳвати ҷимоъро бармеангезад, хусусан агар онро бо равған бирён карда бихӯранд, ин хислаташ зиёда зоҳир мегардад.

Мизоҷи тухмаш гарм ва хушк аст.

Агар инро бо шароб ё пеш аз шароб нӯшидан истеъмол намоянд, мастиро манъ мекунад, хуморро пароканда месозад ва маниро зиёда мегардонад.

  1. Карами тоҷикӣ

Ин намудҳои гуногун: бӯстонӣ, даштӣ ва баҳрӣ низ дорад. Инчунин навъҳои бӯстониаш ҳам гуногун аст. Қисми аз бӯстониашро бехрешааш монандӣ лаблабу, пӯсташ шахшӯл, сабзранг, баргаш сербари ғафстар аз барги лаблабу, рангаш сабзи ғуборнок аст. Тухмаш резаи кулӯла ва сурхи тираранг, ки ин аз қисмҳои карами набогӣ мебошад. Низ бехрешаш қисми дигараш ба шалғам монанд мебошад, рангаш сафед, пӯсташ он қадар дурушт нест, ҷирми мағзаш нозуки береша. Баргаш монандӣ барги қисми якум, вале аз он кӯчактар. Инчунин қисми дигараш низ мавҷуд аст, ки аз беҳаш пояе мерӯяд, ки каме аз замин баланд гашта, бар он монандӣ шалғам сабзи камранг гиреҳи басташуда дорад ва бар болои он ҳам то ба ду ваҷаб пояе месабзад ва дар нӯғи ҳамон соқаш баргҳо бармеоварад, ки хуллас, ба қисми дуввум шабоҳат дорад — ин хӯрокӣ аст ва ана ҳамин гиреҳаш ба истеъмол дода мешавад, на бехрешаи он, ки дар замин аст. Низ қисми дигар ҳам дорад, ки аз беҳи он баргҳояш мерӯянд, ки ба баргҳои қисми аввал монанд мебошанд. Вале баргҳои берунӣ он аз он калонтар ҳастанд ва баргҳои даруниаш майдатар. Дар миёнаҷояш аз беҳаш пояҳои нозуки кӯтоҳ ба дарозии ду-се ангушт мерӯяд. Бар сари он пояҳо куббаҳои сафедранги ҳамааш бо ҳам пайваст мебошад. Дар байни ҳар як кубба як баргчаи борик — куббаҳои он то 15 адад мешаванд, инро гулкарам меноманд, ки мо медонем ва шох ва куббаҳои ин низ хӯрда мешаванд ва дар тиб низ истеъмол меёбанд, на бехрешаи он. Инаш

пешина
аз 702
навбатӣ