Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

танҳо истеъмол кунанд ҳам, кифоя мебошад, ки доғи пес нест гардад ва баъзеи дигарҳо тасдиқ мекунанд, ки агар якуним миқдор аз тухми пои зоғ; аз пӯсти мор, барги судоб, аз ҳар як як миқдор — ҳамаро кӯфта, бехта, то панҷ рӯз ҳар рӯз 10,5 грамми онро бо шароби ангурӣ биёшоманду дар офтоб нишинанд, аз ин иллат наҷот меёбанд.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухми ин гиёҳ дар як рӯз аз 3,5 то 10,5 грамм аст, бояд ки бо асал ё бо шароб бихӯранд.

Агар инро аз ҳад бисёр ё давомнок бихӯранд, ба ҷигар зарар мекунад — дар ин ҳолат сиканҷабин биёшоманд, зиёни онро ислоҳ мебахшад ва агар ба гурда офат расонад, катиро бояд бихӯранд.

  1. Каллакарам

Ин ба ҳама маълум аст, ки инро дар китобҳои тибби қадим карами румӣ низ меноманд. Гиёҳи расидаи ин монанди калла кулӯла мешавад. Беҳтарини он хуб печида ва ранги сафедтобандаи он аст.

Мизоҷаш мураккабулқувват, яъне дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил мебошад, вале рутубат дар он мавҷуд аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин карамро ҳатман бо равғанҳо ё бо гӯшти фарбеҳ муҳарро пухта бихӯранд, баъд безарар мегардад ва ин тавраш гиреҳҳоро мекушояд, моддаҳои ғализро дар бадан мулоим мекунад, боднок аст, пешобро меронад, аз хӯрдани он хуни савдовӣ пайдо мешавад, майнаро суст мегардонад, дар бадан бухор ҳосил мешавад, ҳамчун ғизо носара, боднок, дар узвҳо гиреҳҳо пайдо мекунад. Яке аз хосиятҳояш он аст, ки хуморро пароканда месозад ва онро сокин мекунад, моддаҳои савдовӣ ва бемориҳои савдовиро ба амал меоварад, ба фикрҳои носара мебарад, хаёлҳои нописандро ба амал меоварад, хобҳои мушаваш мебинонад, мағзи сарро заиф мегардонад, чашмро хира мекунад — ин хосияташ бинобар бухор доштани таркиби он аст.

Оби ин карамро бинӯшанд, мастиро манъ мекунад. Каллакарамро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди пайвандҳои баданро таскин медиҳад.

пешина
аз 702
навбатӣ