Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

пардаҳои шикам бошад, шифо мебахшад; пучак ва чиртакҳоро мепазонад ва мекафонад, захмҳои хабисаро (злокачественные язвы) дафъ месозад; зарами хоя, кӯфтагии мушакҳо ва асабҳоро ба ибро меоварад. Инро кӯфта, бо сирко ва равғани кунҷид хамир карда гузошта банданд, кӯтур ва хоришро сиҳат мебахшад, ҳамаи сахтиҳоро мулоим мекунад; бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, захм ва решҳои сарро хушконида сиҳат мебахшад.

Тухмаш хислати поккунандагӣ дорад, ахлоти ғализро дар бадан тит карда берун меронад. Мизоҷи тухмаш гармтар назар ба решаи он аст. Агар инро бихӯранд, хун кай карданро ба ибро меоварад; бо шахдоб (асалоб) бихӯранд, ҷигарро аз моддаҳои бегона пок мегардонад.

Аммо хӯрдани ин дар узвҳои бадан гиреҳҳоро ба амал меоварад. Дар ин ҳолат сиканҷабин бихӯранд, зинёнаш ислоҳ меёбад; меъдаро ҳам суст мекунад — дар ин мавриди гулканд хӯрдан кифоя аст, ки ин зарарро ислоҳ намояд.

Миқдори як бор хӯрдан аз решаи сиреши кӯҳӣ дар як рӯз то 20 грамм аст ва аз сӯхтааш то 4,5 грамм ва инчунин аз тухмаш то 7 грамм бихӯранд, равост.

  1. Зарпечак

Ин растаниест монанди ришта, зардранг ва зарди сурхтоб, ки ба растаниҳои дигар печида, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад ва афзоиш меёбад. Баргҳояш бисёр реза ва тухмаш аз арзан ҳам майдатар, рангаш сурхи моил ба зардӣ, ки ҳанӯз гулаш норехта тухм мебандад, ранги гулаш сурхи моил ба тирагӣ ва решааш мӯй барин аст. Тухмаш ба замин афтода, баъд сабзида, ба набототи наздашбуда мепеҷад. Дар тиб шохҳои риштамонанд ва тухмаш истифода мешаванд.

Мизоҷи ин агар дар ҷойҳои гарм рӯида бошад, дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, вале агар дар минтақаҳои мӯътадил бирӯяд, гармиаш дар дараҷаи якум аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, моддаҳои балғам ва савдоро аз бадан хориҷ мекунад, агар бо бунафша якҷо карда бихӯранд, ҳилти сафроро ҳам аз бадан дур мегардонад. Барои бемориҳои вобаста ба мағзи сар ва асабонӣ, чунончӣ: дарди сар, ҷингак шудани

пешина
аз 702
навбатӣ