Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва пуштӣ. Ҳамин кӯсак ғилофаки тухмҳояш мебошад.
Ин растаниро дар маҳалҳои гуногун тоҷикон муҳаллиса, маҳлас ва маҳласкаҳ низ меноманд. Тоҷикони шимол «чинигул» мегӯянд. Дар заминҳои шӯранадоштаи доманаҳои кӯҳсор, дар ҷойҳои хокдори кӯҳҳо, адирҳо ва инчунин дар ҳамвориҳои намнок мерӯяд.
Ин гиёҳи бисёрсола мебошад, ҳар сол аз решааш месабзад ва аз тухмаш низ пайдо мегардад. Ин намудҳои гуногун дорад. Ҳангоми гул карданаш қисми рӯизаминии онро даравида мегиранду дар соя хушк мекунанд.
Мувофиқи даъвои муаллифони як қатор китобҳои тибби қадим мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум гарм ва хушк аст. Вале мо мегӯем, ки дар дараҷаи дуввум сард аст. Зеро ки ягон давои гарммизоҷ фишори баланди хунро паст намекунад, балки баръакс, баланд мегардонад. Аммо муҳаллас фишори баланди хунро паст мегардонад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро як ҳафта ё камтар аз он ба ҷои чой дам карда ё дар об ҷӯшонида биёшоманд (бояд ки гармогарм бинӯшанд), фишори баланди хунро паст мекунад. Илова бар ин рагҳои хунгард агар сахт шуда бошанд, ислоҳ мебахшад; инчунин кулинчҳои шадиде, ки варам ва дард кардани рӯдаҳои ғафс мебошад, дафъ мекунад; дар ҳар як ҷои бадан: дар ҷигар, рӯдаҳо, мағзи сар ва ғайра манфазҳо, ахлоти часпак, ки касалиҳои бисёро ба амал меоваранд, ҷой гирифта бошанд, онҳоро ба таҳлил дода хориҷ месозанд; агар меъда, ҷигар, сипурз ва рӯдаҳо суст гашта бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад, ғадуд ва узвҳои ҳозимаро қавӣ мегардонад ва ба дараҷаи солим месозад, ки одам бидуни ёрин ягон даво нони қоқро ҳам бе чою об хоида хӯрдан мегирад, нисьён (фаромӯшхотирӣ)-ро сиҳат мекунад; мардон ва заноне, ки фарзанд намеёфта бошанд, инро истеъмол намоянд, фарзанд меёбанд; қуввати мардиро, ки дар одамони ҷавон барҳам хӯрда бошад, барқарор мекунад; дар натиҷаи корҳои фикрӣ асабҳо суст гашта бошанд, аз нав қувват мебахшад; касро ҳушёр ва зеҳнро тез мекунад, пуртоқат мегардонад ва ҳофизаро қувват мебахшад.
Зимнан як чизро хотиррасон намоем, ки ҳашароти
ғаҳвораҷунбон дар вақти тухм бастани муҳаллас аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор