Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бо асал ё бо шакар, ё бо тарангабин (шакари янток) биёшоманд, дарунро мулоим месозад. Олуи сафед бадҳазм аст ва монанди олуи турш дарунро намеронад.
Гули олуро бихоянд, аз боло ба поин фуромадани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад. Агар онро кӯфта ба сар гузошта банданд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, нафъ мебахшад.
Барг ё решаашро дар об ҷӯшонида, бо он об гарғара кунанд ва он обро дар даҳан гардонанд, аз майна фуромадани назларо манъ мекунад, варами забончаи ҳалкум ва омоси ғадудҳои бодомшакли гулӯро таҳлил медиҳад ва милки дандонро мустаҳкам мегардонад. Агар ин обро бинӯшанд, кирмҳои меъдаро ихроҷ мекунад.
Баргашро кӯфта, ба зери ноф гузошта банданд, кирмҳои шикамро мекушад.
Вале олуро бисёр бихӯранд, ба майна зарар дорад — ин гуна офати онро бо челон хӯрдан ислоҳ метавон кард; агар ба меъда зарар расонад, гулканд бояд истеъмол намуд.
Миқдори як бор хӯрдан аз меваи олу дар як рӯз то 150 грамм аст.
Мизоҷи шилмаш аз шилми бодомҳо гармтар аст, вале хушкиаш камтар аз он мебошад. Агар инро бихӯранд, барои сурфа фоида дорад, сангҳои гурда ва ҳичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад.
Ин шилмро ба захмҳо гузошта банданд, дар онҳо гӯшти солим мерӯёнад. Агар инро соида, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро тез мегардонад. Агар бо сирко ҳамир карда, ба шукуфаҳои пӯст гузошта банданд, шифо мебахшад ва ҷӯшишҳои бадани кӯдаконро дафъ мекунад.
- Муҳаллас
Ин гиёҳ аз як реша то 15—20 сок бармеоварад, гирехдор, баланднаш аз 20 то 60 сантиметр мешавад. Аз
ҳар гиреҳи поя барг мебарорад чун сари барги гандуми майса ба дарозӣ то 2—3 сантиметр. Дар сари ҳар
сок яктой кӯсак дорад ба тӯлонии якуним — ду сантиметр ва ғафсии он ба андозаи чуволдуз аст. Дар
нӯги ҳар як кӯсак гул мекунад: сепарра, рангаш сафед

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор