Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
куҷое пайдо мешаваду ғилофи тухми ин гиёҳро сӯрох намуда, тухмашро мехӯрад. Дар хусуси ҷасорат, хушёрӣ ва пуртоқатии ин ҷонвар худи табиатдӯстон ба дараҷаи аъло медонанд.
Имчунин ин гиёҳро чой карда нӯшида гарданд, дар натиҷаи иллати асабҳо ва вайрон шудани низоми ивазшавии моддаҳо мӯи сар пеш аз вақт сафед, гашта бошад, аз нав сиёҳ мегардонад (бо худи ман ин ҳодиса рӯй дода буд); дар ҳар як ҷон аъзо, пайвандҳо (буғумҳо), по ва ғайра дард пайдо шавад, бартараф меронад, имчунин дарди пушт, дарди шона, дарди ронҳо ва дигар дардҳои пайдошударо дафъ мекунад. Ҳар гуна хунравиҳоро қатъ месозад, ҳатто омадани ҳайзро ҳам дар занҳо бозмедорад.
Агар аз 3,5 то 7 грамми онро кӯфта ё чой барин дам карда бихӯранд, чи навъе, ки ба онҳо заҳр расида бошад; хоҳ аз мори шохдор (ин қаттолтарин морҳост), хоҳ аз каждум, хоҳ аз ғунда ва ғайра бошад, қувват ва таъсири заҳро аз бадан дафъ мекунад, ҳатто агар заҳр дода бошанд ҳам, аз он наҷот медиҳад, хоҳ пеш аз заҳр расидан (ё хӯрдан) ва ё баъд аз он бошад, монеи таъсир мешавад ва дафъи зарари он мекунад. Инчунин хилти сафроро, ки дар бадан ҷамъ шуда, азият расонида бошад, меронад ва дарунро нарм мекунад, рӯдаҳоро пуркувват мегардонад. Агар дар рӯзҳои аввали даронши моҳи ҳамл то се рӯз муттасил 4,5-граммӣ тухмашро кӯфта бихӯранд, дар ҳамон сол чӣ навъе, ки заҳр бирасад ва ё бихӯранд, таъсир намекунад ба истеъмолкунандааш.
Агар мавсими чидани ин гиёҳ гузашта бошад, решаашро шуста, ҷӯшонида, он обро истеъмол фармоянд ҳам, таъсири дар боло зикрёфтаро дорад, балки қавитар аз он аст.
Бояд қайд кард, ки ҷои ин гиёҳ ҳангоми аввалин бор нӯшидан пиёлаи якумаш як андоза бӯи алафро, ҳатто бӯи мушро медиҳад, вале дар вақти нӯшидани пиёлаи дуввумаш ба табъ чунон мефорад ва мегуворад, ки чӣ миқдор бисёр нӯшида гардад, ҳамон қадар зиёда баҳри дилро мекушояд, ҳамон қадар ҳаловатбахш аст ва ҳамон қадар табиат онро мекашад. Инак, агар инро ҳар чӣ қадар бисёр истеъмол кунанд ҳам, зарар намерасонад. Ҳамаи ин хислатҳояш дар амал озмуда шудаанд.
Аз гиёҳи муҳаллас бо воситаи асбоби анбиқ арақ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор