Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
зарар дорад — давояш анорҳои хоҳ ширин ва хоҳ турш хӯрдан аст. Агар ба одамони гармизоҷ зиён ку- над, давояш бунафша, нилуфар ва оби себ ошомидан аст; инчунин ба узвҳои поёни бадан ҳам зарар дорад— давои ин зиёнаш катиро хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин шилм дар як рӯз аз миқдори донаи наск то 2 грамм аст.
Агар шилми болдирғон ёфт нашавад, ба ҷояш ре- шаи ин гиёҳро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Яке аз хислатҳои ин чунин аст, ки агар камеро дар латта баста, ба даруни об андозанд, кирм дар он пай- до намешавад. Ҳамчунин дар миёни зироат гузоранд, ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд. Ва агар ин- ро ба ҳар чӣ бимоланд, низ ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд. Камтареро аз он дар решаи дарахте, ки нест кардапаш лозим бошад, бигузоранд, он дарахт- ро мепӯсонад.
- Пиёзи ансул
Номи инро баргҳолат «анзур» мегӯянд, ки ҳатман таҳриф аст.
Ин гиёҳест кӯҳӣ ва даштӣ, ки баргҳояш монанди баргҳои савсани кӯҳӣ ва наргис, вале дарозтар аз он- ҳо, дар сари пояаш монанди сари пиёз гул мекунад. Барои даво пиёзи қисми заминиашро ба кор меба- ранд.
Мизоҷи пиёзи ансул дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: пиёзи ансулро дар ха- мир ё латтаи тар печонда, дар кӯри оташ бипазанду бо шаш миқдори он намак ва камтар равған даромех- та, 8 грамм аз он ба дили наҳор бихӯранд, дарунро хуб меравонад ва бемориҳои вобаста ба узвҳои сар, монандӣ: лисарғус (летаргия), саръ (припадка), моли- хулиё (меланхолия), дарди нимсар, дарди сари аз ху- нукӣ, хоби сахт ва дуру дарозии бехудона чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, паридани аъзо, нотавон гашта- ни узвҳо, фолич (шал шудани нимаи бадан ба даро- зӣ), қаҷ шудани рӯ, нисьён (фаромӯшхотирӣ) — ха- маашро шифо мебахшад; чашмро қавӣ ва тез меку- над; ба даруни гавҳарак фуромадани зардобро, ки чашмро нобино мегардонад, манъ месозад; дарди гӯш, зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма), сурфаи кӯҳна,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор