Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, мекушояд; бодҳоро таҳлил медиҳад ва пароканда месозад, ҳамаи навъҳои кирми меъдаро ихроҷ мекунад, хуни бавосирро равон менамояд; сардии меъда, ҷигар ва сипурзро ба ислоҳ меоварад, истиско ва сустии баданро шифо мебахшад.

Шилми болдирғонро ба миқдори нахӯд ва камтар мувофиқи бардошти мизоҷ дар миёни хамир гирифта, нон пухта, баъд фурӯ баранд, ҳамин тариқ бо он мудовамат намоянд, ҳамаи навъҳои истискоро, хусусан истискои обӣ ва бодиро шифо мебахшад. Агар ин миқдор шилми онро бо анҷир тановул намоянд, зардпарвинро дафъ мекунад; бо оби барги зуф биёшоманд, римҳои дар даруни бадан ҷамъшударо хориҷ мекунад ва дубайла (кӯряра)-ҳои ботиниро кафонида сиҳат мебахшад.

Шилми мазкурро бо мурч якҷо кӯфта бихӯранд, пешоб ва ҳайзи бастаро мекушояд.

Инро батанҳои занҳо аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад.

Варамҳоро чок карда, шилми болдирғонро дар миёни онҳо гузоранд, ҳамаи чизҳои мурдори даруни варамро ихроҷ мекунад.

Ин шилмро бо анҷири хушк кӯфта, баъд бо сирко хамир карда, гузошта банданд, шукуфаҳои пӯстро нест мегардонад; бо мумравған даромехта гузошта банданд, ҳамаи намудҳои озахро хушк карда меренонад ва ғуддаҳоро таҳлил медиҳад. Агар худашро танҳо гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтан сар ва риш мӯй мерӯёнад; бо оби хокистар ё оби баҳр даромехта гузошта банданд, гӯшт ва мушакҳои чокшудаи баданро ба ҳам меоварад. Агар инро ба захми сағи девона газида бимоланд, онро сиҳат мекунад; ба ҷое, ки инро молида бошанд, ҷонварони заҳрнок наздик намеоянд, инчунин молиданаш зарари тири заҳрнокро дафъ мекунад. Бо равғани зайтун даромехта бимоланд, азияти ғунда ва каждумгазидаро дафъ мекунад.

Андакеро аз ин шилми болдирғон дар сӯрохи закар гузоранд, боиси қавӣ гаштан ва тамсман дар ҳаракат шудани он мегардад.

Хӯрдани ин таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Агар инро бо таомҳо бихӯранд, ранги рухсораро некӯ мегардонад.

Вале истеъмоли ин ба дарун барои майна ва ҷигар

пешина
аз 702
навбатӣ