Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

аз сардии баамаломадан вобаста ба майин бошанд, монанди: фолич, ларзак, саръ (припадка), карахтӣ, беҳаракат мондани узвҳо, саръи тифлон ва монанди инҳоро шифо мебахшад. Агар инро бо мурч ва судоб бихӯранд, барои кузоз (столбняк); бо шароб бихӯранд, барои бемориҳои асаб дору мешавад. 0,6 грамми онро бо муми занбӯри асал даромехта фурӯ баранд, фоличро сиҳат мекунад.

Ин шилмро бо асал даромехта, ба чашм кашанд, қуввати биноиро зиёда мегардонад ва зардоберо, ки дар гавҳараки чашм фуромада, ранги гавҳаракро тира ва чашмро нобино мекунад, дафъ месозад, инчунин гули чашм ва ноҳунаки онро нест мекунад.

Ин шилмро дар равғани зайтун ҷӯшонида, он равғанро нимгарм дар гӯш ҷаконанд, дарди гӯш, карин кӯҳна ва чарангҳои гуногуни онро дафъ менамояд.

Агар ин шилмро бо зангор (ярь-медянка) ва зок даромехта, дар бинӣ андозанд, гӯшти зиёдатиро, ки дар он пайдо шуда бошад, мехӯрад. Инро батанҳои ба дандони кирмхӯрда гузоранд, дардафро таскин медиҳад ва кирмашро ҳам мерезонад, инчунин аз берун бар дандон бимоланд, дардафро сокин мекунад.

Шилми мазкурро бо асал якҷо дар об ҳал карда, бо ин таркиб ғарғара кунанд, варами забончаи халқро таҳлил медиҳад; агар бо сирко даромехта ғарғара кунанд, зулуки дар халқ часпидаро берун меоварад; бо зардаи тухми мурғ даромехта ғарғара кунанд, сурфаи хушк ва дарди паҳлуро дафъ мекунад. Танҳо худашро дар об ҳал карда, бо он об ғарғара кунанд, овози гирифтагиро мекушояд, дағалии халкро ислоҳ мекунад, дард ва варами пардаҳои паҳлуи даруни синаро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам бошад, шифо мебахшад.

Шилми болдирғонро дар об ҳал карда, он обро бинӯшанд, овозо мекушояд ва онро соф мекунад.

Агар ин шилмро бихӯранд, ҳар як моддаи дар дарун шахшуда ва сахтгаштаро мегудозад, бодҳоро таҳлил медиҳад ва пароканда мекунад; агар инро бо синқа»чабин бихӯранд, шири шахшударо дар ҳар як ҷои бадан, ки бошад, рақиқ (суюқ) мекунад; ва агар бо шоҳтут, мозу ва инчунин чизҳои турш бихӯранд, исҳоли рутубиро мебандад; бо чормағз ё бо оби ачириқ биёшоманд, дарди рӯдаҳоро, ки сабабаш ҷамъ шудани бод ва балғам бошад, шифо мебахшад ва қулинҷро,

пешина
аз 702
навбатӣ