Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

дамкӯтаҳӣ, дағалии узвҳои даруни сина — ҳамаашро ба норо меоварад; меъда ва ҳалкумро қувват мебахшад, хун қай карданро манъ мекунад, хӯрокро нағз ҳазм мекунад, дар сари меъда истодани таомро дафъ мегардонад; зардпарвин, истиско, сахтии сипурз, дарди рӯдаҳо, дарди буғумҳо ва иркуннасорс (радикулитро) даво мешавад, санги ҳиҷакро майда карда мерезонад, душвор шошиданро ба ислоҳ меоварад, ҳайзи занопро равон мекунад, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад, захмҳои ботиниро шифо мебахшад. Дарди асабҳоро таскин медиҳад, ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, аъзои баданро аз ахлоти ғафси часпаки бемориовар пок мегардонад.

Даворо дар мағзи хамир ё латтаи тар печонида, дар кӯраи оташ пухтанро дар тибби қадима ташия мегӯянд ва он чиро, ки бо ҳамин усул пухта шудааст, машвӣ меноманд.

Чун 4,5 грамм пиёзи ансули машвиро бо асал бихӯранд, барои чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, саръ, молихулиё, суст ва нотавон шудани узв ё аъзо, фолич ва каҷ шудани рӯй фоида дорад.

Ин пиёзро маҳин кӯфта, ба танҳои ё бо сиркои ангурӣ хамир сохта, ба сари бемори лисарғус гузошта банданд, ҳамчунин ба сокҳои пойҳои гирифтори ин иллат ё ба ронҳояш ва ё ба кафи пойҳояш гузошта банданд, моддаи зарарнокро ба худ мекашад ва боиси ба ҳуш омадану бедор шудани он мегардад.

Як дона пиёзи ансулро бо дучанди он асали кафкаш гирифташуда пухта бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ, зикуннафас ва гирифтагии овоз давои хубест.

Агар ба даруни як пиёзи ансул ду тухми мурғро рехта, ташия намоянд, то тухми мурғ дар он бипазад. Баъд он тухмро ҷудо карда бихӯранд, исҳол меоварад, яъне дарунро меронад, иллати замингирро шифо мебахшад. (Замингир — ин бемориест, ки гирифтораш барои хестан ва роҳ гаштан қодир нест. Инро тоҷикон барҷомонда низ мегӯянд).

Чун 2 грамм аз пиёзи ансул дар асал пухта бихӯранд, дарди меъда, суҳазм (бадҳазмӣ), зардпарвин, сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ, аз шуш рим қай кардан, дарди рӯдаҳо ва банд шудани пешобро дору мешавад ва меъдаро қавӣ мегардонад. Ҳамин миқдор аз ин

пешина
аз 702
навбатӣ