Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мебахшад; бо зирк бихӯранд, варами ботаниро таҳлил медиҳад.

Як қитъа решаи онро дар даҳан нигоҳ доранду оби онро фурӯ баранд, барои хун қай кардан, гиреҳ ва варами узвҳои даруни сина, дамкӯтаҳӣ ва гирифтагии нафас дору мешавад.

Ҳар рӯз аз решаи хушки кӯфтагии он 4,5 грамм бихӯранд, дардҳои меъда ва пурбодшавии онро дафъ мекунад, инчунин оругро таскин медиҳад. Ва агар кӯфтаи онро дар бинӣ бирезанд, бемориҳои мағзи сар ва назларо фоида мебахшад.

Кӯфтаи мазкурро бо сирко хамир карда гузошта банданд, доғи кунҷидак, шукуфаи пӯст ва доғҳои аз зарба ва лат хӯрдан ба амал омадаро дур мекунад. Агар бо орди ҷав, тухми тугмачагул ва тухми гули хайрӣ даромехта, гузошта банданд, устухони беҷошударо ба ҷояш мебарад.

Инро кӯфта, бо оби гарм хамир сохта бимоланд, лат хӯрдагиро ба ислоҳ меоварад, варамҳои сардро таҳлил медиҳад ва инчунин ҳамаи дардҳоеро, ки аз гармӣ набошанд, таскин медиҳад; заҳрҳои сардмизоҷ, хусусан заҳри каждумро дафъ мекунад; агар ба миёни китфон бимоланд, хавфи дар дил афтодаро дафъ мегардонад.

Кӯфтаи онро бипошанд, реш ва захмҳои тарро хушк мегардонад.

Мегӯянд, ки решаи ин ҳангоми хӯрдан ба бирози (саргини) дар дарун шахшуда зарар дорад — давои ин зарараш шилми бодомҳо хӯрдан аст, ки ислоҳи зарар намояд, инчунин ба тифлони заифмизоҷ зиён мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан аз решаи ревоҷ дар як рӯз аз 4,5 то 7 грамм аст.

Ба ҷои ин дар бемориҳои меъда ва ҷигар баробари якуним вазни он гули сурхро истеъмол кардан раво мебошад.

  1. Болдирғон

Ин растаниро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон куруш низ меноманд. Гиёҳаш баланд баробари қадди одам ва баландтар низ, пояаш миёнхолӣ. Ин ду навъ аст: яке хушбӯй, дигаре бадбӯ. Қисмеро баргаш монандӣ барги карам ва он кӯчактар, гулаш чатрӣ монандӣ

пешина
аз 702
навбатӣ