Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

гули шибит, вале назар ба гули шибит хеле азим, сафед аст.
Самараш баъди расидан сафед паҳни гирдак, бисёр хушбӯй мебошад. Шилми ин навъашро хилтити таййиб, яъне хилтити хушбӯ мегӯянд. Ин навъаш асосан дар Эрон мерӯяд. Қисми дуввум баргаш монанди саҳифаҳои коғази сӯхта пурсӯроҳ, пояаш заифтар аз қисми якум. Самари он сиёҳ ва бисёр бадбӯ, ки инро хилтити бадбӯ, гиёҳи онро камоҳ меноманд ва шилми онро, ки бисёр бадбӯ аст, хилтити бадбӯ мегӯянд.
Навъи якумаш дар ҷойҳои намнок ва низ наздики об ва чашмаҳо мерӯяд, қисми дуввумаш бошад, дар мавзеъҳои даштнамо ҳам месабзад.
Мизоҷи навъи хушбӯи он дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст, вале мизоҷи бадбӯи он дар саввум гарм ва қавӣ. Ба қавли баъзеҳо мизоҷи болдирғон ва камоҳро дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк медонанд умуман.
Хислатҳои шифобахши он: болдирғонро бихӯранд, зеҳро сара, ҳофизаро зиёда ва мустаҳкам мекунад; нисён (фаромӯшхотирӣ), аҳмақию кундфаҳмиро дафъ месозад; фолич, қаҷ шудани рӯй ва сусту нотавон гаштани узвҳоро ба ибтило меоварад.
Бинобар дар меъда муддати дароз монданаш ва гаронҳазм буданаш меъдаро дағал мегардонад, рутубатҳоро хушк мекунад, таомро сабукҳазм менамояд, бӯи даҳанро дигар месозад, меъдаро қувват медиҳад, балғамро меканад, бодҳоро пароканда мекунад, иштиҳои таомро бармеангезад; узвҳои хозимаро, ки иборат аз меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз мебошанд, қавӣ мегардонад, зарари давоҳои бадҳазм ва заҳрнокро дафъ мекунад, бар зидди заҳр тарйёк мебошад, ҳиққакро нест мекунад; душвор шошиданро, ки сабабаш зиёд гаштани балғам бошад, ба ислоҳ меоварад, шир ва ҳайзро равон мекунад, гурда ва рӯдаҳоро гарм мегардонад; боҳро, яъне пушти камарро ба ҳаракат меоварад ва дарди буғумҳоро, ки сабабаш сардӣ бошад, дафъ мекунад.
Болдирғонро дар сирко парварда карда, яъне онро як шабонарӯз дар он тар карда, баъд он сиркоро истеъмол намоянд, дар ҳама ҳолат, инчунин сиркоасали (сиканҷабини) онро, ки асалро бо майи пухтагӣ пухта бошанд, барои таби дурӯздармиён, табҳои балғамӣ ва табҳои мураккаб, дарди узвҳои даруни сина,

пешина
аз 702
навбатӣ