Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ва зардпарвинро, ки аз афтодани гиреҳ бошад ва ҳар навъ исҳол, гиреҳҳои мосориқо — ҳамаи инро ба ибро меоварад, исҳоли хунинро мебандад. Рӯдаҳо ва узвҳои дигари даруни шикам ва даруни синаро аз олоиш пок мегардонад, инчунин бодҳои ин узвҳоро пароканда месозад; варамҳои сардро таҳлил медиҳад; исҳол, дарди рӯдаҳо, бавосир, решҳои бедаво, таби дурӯздармиён — ҳамаашро шифо мебахшад.

Мо дар боло мосориқо гуфтем — ин мурағҳоест, ки ғизон дар рӯдаҳо ҳазмшуда бо воситаи ин рагҳо ба даруни ҷигар кашида мешавад.

Агар кӯфтаи решаи ревочро бо луоби тухми биҳӣ хабҳо (пилюлаҳо) баста, як хабро дар зери забон нигоҳ доранд ва оби онро фурӯ баранд, барои сурфаи тари сардмизоҷ, зиқ-ун-нафас (астма)-и сарди тар, чӯшиши (пухтани) даруни даҳон, ки аз сардӣ бошад, инчунин монандӣ ин иллатҳоро дафъ мекунад.

Агар инро бо кӯфтаи ҳалилаи кобулӣ, замбӯруғи сафеди танаи дарахт ва сабир (алоэ) курсҳо сохта фурӯ баранд, барои аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок гардонидани майна, дарди сари аз хунукӣ ва сафровӣ (гарммизоҷ), дарди нимсар, фолич (шал шудани ниман бадан ба дарозӣ), чарх задани сар, кузоз (столбняк), тарсончакӣ, девонагӣ, назлаҳои сардмизоҷ, чарангҳои гуногуни гӯш ва дарди чашми аз назла ба амаломада дору мешавад. Агар талкони инро бо решаи ҷоқула ҳамроҳ карда бихӯранд, бемориҳои даруни синаро, монандӣ: сурфа, зиқ-ун-нафас, гирифтагии овоз ва ғайраҳоро дафъ мекунад. Агар инро бо шароби себ бихӯранд, барои нест кардани оруғ, сустии мушакҳо ва араб, инчунин барои даридану нотавон гаштани онҳо, зарба хӯрдани ҳар як узв (аз ҷумла чалақидани майна) давои бебадал аст. Инро бо оби гарм бихӯранд, оруғҳои гуногун (аз ҷумла оруғи турш), таранг ва беҳаракат мондани узъе, даридани пардаи шикам (ҷурра, дабба) ва дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад.

Аз 4,5 то 7 грамми онро бо шираи тухми харбуза бихӯранд, инчунин бо шираи тухми хори хачак биёшоманд, пешоби бандшударо, ки бо ҳеҷ як даво кушода нашуда бошад, равон ва кушода мегардонад. Агар бо оби сунбул бихӯранд, иркуннасо (радикулит), табҳои балғамӣ, сустии пайвандҳо ва дардҳои синаро шифо

пешина
аз 702
навбатӣ