Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мекунад. Агар ин ордаки пӯсти сӯхтаи онро бо равғани нави гов сиришта гузошта банданд, сӯхтагии оташро ба ибро меоварад ва бо сирко сиришта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро шифо мебахшад.

Тухми кадуро кӯфта, бо орди ҷав сиришта, батакрор гузошта банданд, барои сӯхтагии оташ даво мешавад.

Кадуро кӯфта гузошта банданд, сурхбод ва варамҳои гармро ба ибро меоварад.

Аз каду равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Оби гӯшти кадуи нав расидагиро гирифта, бо чоряк вазни он равғани кунҷид ё равғани бунафша ва ё ду баробари он равғани бодоми ширин ва ғайри он миқдор андохта, бо оташи мулоим то обаш батамом бухор шуда рафтан меҷӯшонанд — хислатҳои тиббии ин монанди равғани бунафша ва равғани нилуфар аст. Мизоҷи ин равған сард ва тар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро биёшоманд ва дар бинӣ чаконанд, ба баданҳои хушк об медавонад, мағзи хушкро рутубат мебахшад ва хушкии онро дафъ месозад, хоб меоварад; барои молихулиё, беҳобии шадид, сурфаи гарм, диқ (иллати лоғаркунанда) шифо мебахшад ва агар бимоланд, сахтиҳои баданро мулоим мекунад.

Чун пӯсти кадуро ҷудо карда хусусан, ки ҳанӯз тухмаш норасида ва хом бошад, ҳамаи қисмҳои онро, ки гӯшт, шаҳм ва тухми онро бо чарбии гурдаи буз кӯфта, то хуб муҳарро шудан биҷӯшонанд ва баъд бигузоранд, ки хунук шавад, сонӣ равғани дар рӯяш бударо бигиранд. Ин равған дар ҳама хислатҳои тиббӣ, яъне дар бобати рутубат бахшидан, сард гардонидан ва ғайраҳо аз равғани каду қавитар аст дар он ҳолат, ки агар инро бо равғани кунҷид бисозанд.

Чун сари кадуро бурида, дар ҷои холии даруни он рими оҳани кӯфтаро пур намуда ва даҳони онро бо ҳамон порчаи буридашуда маҳкам карда, чил рӯз бигузоранд, баъд оби онро гирифта, бо ҳино хамир созанду ба мӯй бимоланд, ранги хуб мешавад.

Мизоҷи мағзи тухми каду дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: мағзи тухмашро бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад, барои дафъи дағалии узвҳои даруни сина, хун рафтан аз шуш, сурфаи
гарм, ташнагӣ, табҳои гарм, захми рӯдаҳо ва ҳичак, ки

483

пешина
аз 702
навбатӣ