Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ҳама аз бисёр гаштани моддаҳои тез ба амал омада бошанд, лоғарии гурда, сӯзиши пешоб (сӯзок) ва монандӣ инҳо даво мешавад.

Равғани тухмашро бихӯранд, бимоланд, биҷаконанд ё дар бинӣ бирезанд, ё гузошта бабанд, хушкии майна, бехобӣ, сил, табҳои гарм, дарди рӯдаҳо, ки аз ҷамъ шудани сафро бошад, дафъ мекунад ва давои беназир мебошад.

Равғани тухми қадуи ширинро бо ҷирми тухми он сонда, гузошта бабанд, захмҳои сар ва бадани кӯдакон, гӯшаи даҳан, баногӯш, закар ва дигарҳоро шифо мебахшад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухми қаду дар як рӯз то 32 грамм аст. Ба ҷои ин мағзи тухми тарбуз, бодиринг ва тарраро истеъмол намоянд, раво мебошад.

  1. Ревоҷ

Инро тоҷикон чукрӣ ҳам меноманд, гиёҳи кӯҳии машҳур аст. Гулаш сурх ва чун гӯшвораи духтаракон зебанда мебошад. Таъмаш турш, мардум онро бо завқ мехӯранд.

Мизоҷи банди барг ва пояаш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, моддаҳои ғафсгаштаи баданро тит ва пароканда мегардонад, дарунро мебандад, фараҳ мебахшад; меъда, ҷигар ва дигар узвҳои гарммизоҷи даруни шикам ва синаро қавӣ мегардонад; иштиҳоро мекушояд, шиддати ҷӯшиши сафроро таскин медиҳад, қайи сафровӣ, ташнагӣ, беҳузур (беҷо) шудани дилро қатъ мекунад; фишори баланди хунро паст мегардонад ва хуну сафровиро соф менамояд, мастӣ ва хуморро барҳам медиҳад, дилтапак (дилбозӣ), васвос, бавосир, тоун (чума), вабо, нағзак (гулак), сурхича (қизомук), исҳоли гарми сафровӣ, зардпарвин, табҳои гарм ва сафровиро дафъ мекунад. Агар инро бардавом бихӯранд, баромадани пучак ва чиртакҳоро монеъ мешавад, яъне моддаи қандро дар таркиби хун кам мекунад.

Оби чукриро дар офтоб хушк карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қувват мебахшад, гули чашмро нест мекунад. Агар инро кӯфта, бо орди ҷав хамир

пешина
аз 702
навбатӣ