Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Гӯшти кадуро кӯфта, аз рӯ бар меъда, ҷигар, гурда ва дигар узвҳои даруни шикам ва сина гузошта банданд, тафс ва сӯзиши онҳоро таскин медиҳад.
Пӯсти хушки кадуро кӯфта бихӯранд, барои бавосир ва хунравии узвҳои шикам даво мешавад.
Хуллас, ҳамаи навъҳои каду барои одамони гарммизоҷ (сафроӣ ва хунӣ), ҷавонон, мардуми минтақаҳои гарм фоида дорад. Вале барои одамони сардмизоҷ (балғамӣ ва савдовӣ), ба пирон ва касони минтақаҳои хунук зарар дорад; ба иллати қулинҷ гирифтор мекунад, бодангез аст, ба меъда гаронӣ меоварад, иштиҳоро мебандад, балғам ва моддаҳои балғамӣ ва савдовӣ пайдо мекунад.
Кадуро бо қошуқи дандонадор тарошида, пухта, бо ҷӯғрот, ҳардал, сир (чеснок), мурч, намак ва наъноъ бихӯранд, баъд барои сардмизоҷон мувофиқ мегардад, вале гарммизоҷонро ба ғайри аз бо намак ва камтар наъноъ хӯрдан раво нест.
Агар каду зарар кунад, илоҷаш кай фармудан аст ва бо шахдоб, қаранфули гардан, зира, пиёзаки саломалек, наъноъ ва чизҳои ҳазмкунандаи гарммизоҷ ва хушбӯй хӯрдан, инчунин пухтани он бо равған ва дохил кардани мурч, ҳардал, чизҳои гарммизоҷи дигар ва намак аст барои касони хунукмизоҷ. Вале барои касони гарммизоҷ ва сафровимизоҷон оби ғӯраи ангур, оби анор, сирко ва монандӣ инҳоро дохил намуда хӯрдан аст.
Кадуро бо шакар ё бо асал мураббо пухта бихӯранд, мӯътадилтарини мураббоҳост ва лазиз мегардад, майнаро қувват мебахшад, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, моддаҳои савдовӣ ва бемориҳои аз бисёр гаштани савдо сарзадаро дафъ менамояд; агар дар меъда балғам бисёр набошад, ин зуд ҳазм мешавад, вале агар балғам мавҷуд бошад, худаш ба он мубаддал мегардад. Мураббои асалии каду барои хунукмизоҷон беҳтар ва муносибтар аст назар ба шакарии он. Кадуи дар сирко парвардашуда сабук ва ҳазмкунанда мебошад, ҷӯшиш ва фишори баланди сафро ва хунро паст мекунад, хусусан таъми майхуш (туршу ширин) гирифтаи он барои гарммизоҷон мувофиқ аст, вале инаш барои хунукмизоҷон зарарнок мебошад.
Пӯсти хушки кадуро сӯхта, ос карда бипошанд, рафтани хунро аз ҷароҳатҳо манъ мекунад, захмҳои хӯранда, захми зӯкар ва решҳои хушкмизоҷро дафъ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор