Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ин гиёҳи машҳур ва мӯътабар аст. Навъҳои гуногун дорад. Як навъи растании саҳрояш монанди мармиҷон аст, баланднаш то як газ мехезад, баргаш монанди барги анҷир, вале майдатар аз он, самараш дар вақти расидан сурх мегардад, ки ба андозаи самари туғ аст. Гулаш сафед. Решааш ба сурати ду инсони ба ҳамдигар рӯбарӯистода бо лифҳои сурхранги мӯймоманд печида аст — ба хилофи меҳргиёҳи дигар, ки лифҳои мазкур надорад. Модом ки сари ин суратро ҷудо накунанд, қувваташ то шаст сол боқӣ мемонад.
Ин намудаш ду синф аст: яке ба мода машҳур аст ва ранги он моил ба сиёҳӣ, чӯбмонанд, баргаш монанди барги коҳу, аз он нафистар ва майдатар, бӯяш нофорам — вазнин ва ба рӯи замин паҳн, дар миёнаи баргҳояш ба андозаи себи хурд самари хушбӯй ҳам дорад. Даруни он монанди тухмҳои мурӯд тухмҳо ҷой гирифтаанд. Решааш ғафс, ду ё се адади ба якдигар пайваст, берунаш сиёҳ ва дарунаш сафед, он пӯсти ғафс дорад, гиёҳаш поядор. Синфи дуввуми нарашро барги сафеди суфтан ҳамвор, ба андозаи барги лаблабу калон, решааш ду баробари решаи модаи он, ки ба миқдори бодиринг мешавад. Рангаш заъфаронӣ, бӯяш хуши вазнин. Чӯпонон онро мехӯранд ва баъд онҳоро хоби дуру дароз мегирад. Шакли решааш ба решаи навъи модааш монанд, яъне ба сурати инсони мода аст ва аз решаи синфи модааш андак дарозтар, гиёҳаш бепоя.
Синфи севвум дар сарзаминҳои соядор ва пастӣ мерӯяд. Баргаш сербари дароз, худаш майда аст, дарозиаш то як ваҷаб мехезад, бепоя. Ғафсии решааш баробари нарангушти одам, дарози сафед, гиёҳаш бегулу самар. Ин аз ҳама қавитарини меҳргиёҳост.
Низ муаллифи китоби «Ихтиёрати бадеъ» гуфтааст, ки дар сарзамини гарми Шероз наздик ба Қалъаи Шаҳриёр навъе меҳргиёҳ мерӯяд, ки дарозиаш аз як ваҷаб кӯтоҳтар, бо дасту по, рангаш сафед мешавад. Беҳтаринаш қавитар ва фарбеҳи он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум хунук ва хушк аст, вале баъзеҳо сард дар аввали дараҷаи саввум ва хушк дар охири он дараҷа донистаанд.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он хоб меоварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор