Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад, ҷӯшиши даруни даҳан ва милки дандонро сиҳат мебахшад.
Инро кӯфта, ба пушт ва закар гузашта банданд, олати мардиро ба ҳаракат меоварад ва онро калон мегардонад.
Агар гули инро бихӯранд, бар зидди ҳамаи намудҳои захр тарёк мешавад, инчунин инро кӯфта гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.
Инро кӯфта гузошта банданд, доғи кунҷидакро дафъ ва рухсораро сурх мекунад. Агар дар ҳаммоми гарм бо гули ин бишӯянд, мӯйро сафед мегардонад, ҳатто кӯфта бипошанд ҳам, ҳамин тавр таъсирро дорад.
Вале гули ёсамӣн ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар мекунад ва агар инро бисёр бихӯранд, ранги рӯйро зард мегардонад. Давои ин зарарҳояш бунафша, гулисурх ва сирко хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз чирми ёсамӣн дар як рӯз то 10,5 грамм аст, аз обаш то 35 грамм мебошад.
Ба ҷои ин ёсамӣни зардро истифода баранд, равост. Ва дар гарм кардани бадан ва сафед гардонидани мӯй навъҳои зардаш қавитар аст. Ба ҷои ҳар дуи навъаш ёсамӣни саҳроиро истеъмол фармоянд, ҷоиз аст.
Аз гули ёсамӣн равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Ба даруни шиша то нима равғани кунҷиди тоза меандозанд ва он равғанро аз гули ёсамӣн пур карда, ба офтоб мегузоранд. Ранг, бӯй ва қуввати гул ба равған гузарад яъне баъд аз 5—6 рӯз гулро фишурда дур намуда, аз нав гули дигар меандозанд. Ҳамин тариқ 5—6 мартаба гулро иваз намуда, баъд гули охиринро ҳам фишурда мепартоянд. Ин равған равғани ёсамӣн ҳисоб меёбад.
Мизоҷи равғани ёсамӣн гарм ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, пӯсти баданро мулоим мекунад, варамҳои бадан ва моддаҳои ғализи дарунро таҳлил медиҳад, бемориҳои сардмизоҷи асабҳоро шифо мебахшад, барои одамони куҳансол фоида дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин равған дар як рӯз аз 10,5 то 17,5 грамм аст.
Агар ин равғанро гарммизоҷон бибӯянд, дарди сар мекунад ва биниро хуншор мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор