Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз то 3,5 грамм аст.

Ҳар як қисми чойқаҳакро ба ҷои дигараш истеъмол фармоянд, раво мебошад. Инчунин ба ҷои ин гиёҳ баробари нисф вазни ин решаи каварро истифода баранд, ҷоиз аст.

  1. Ёсамин

Инро ёсаман гуфтан ҳам дуруст мебошад, на балки «ёсуман». Ин гулест хушбӯй, рангҳои сафед, зард, кабуд ва пушти гули баъзе навъаш бунафш аст. Ба ғайр аз навъи зардаш дигарҳои он бӯстонӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ мебошанд. Қисми сафеди он хушбӯй аст ва бисёртар вомехӯрад, вале кабуди он камёб аст. Растании ин на монандӣ дарахт рост ва на шохҳояш бар рӯи замин паҳн мебошад, хусусан навъи сафеди он. Навъҳои кабуд ва зарди он дар намуди дарахт аст ва дар баъзе сарзаминҳо дарахташ калон мешавад. Танаи навъи сафеди он андак печдор, баргҳояш андак резаи дарозак ва бар ду ҷониби шохҳои он рӯидааст. Гулаш хушбӯй ва банди гулаш борики миёнхолӣ аст.

Хуллас, мизоҷи он дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк, ҳатто то дараҷаи саввум низ гуфтаанд.

Хислатҳои шифобахши он: бӯидани гули он майнаро қувват мебахшад; дарди сареро, ки аз сардӣ бошад, сокин месозад, бодҳои майнаро дафъ мекунад, барои одамони калонсол ва сардмизоҷон фоида дорад.

Инро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, барои дарди сар ва дардҳои узвҳои дигари хунукмизоҷ даво мешавад.

Ошомидани гули ин балғам, савдо ва зардобро бо исҳол дафъ мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, бодҳои ғализро таҳлил медиҳад; иллатҳои фолиҷ, каҷ шудани рӯй, карахтӣ ва дардҳои буғумҳоро шифо мебахшад, фараҳ меоварад, боҳро ба ҳаракат медарорад, ҳамаи навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро ихроҷ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон месозад.

Чун андаке аз гули ин дар шароб андозанд, миқдори ками ин шароб мастии бисёр меоварад.

Се рӯз пай дар пай 7 грамм оби гули инро бинӯшанд, хунравиҳои гуногунро қатъ мекунад.

Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан

пешина
аз 702
навбатӣ