Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Чун инро дар шароб андохта, он шаробро бинӯшанд, сахт маст мекунад. Бӯидани он низ хоби дуру дарозро ба судур меоварад. Ва агар дар мақсад дароранд низ, дуру дароз хоб мебарад. Ин хосият махсус ба сафедбарги бепояи он мебошад, ки зикр ёфт. Агар инро аз ҳад зиёд бинӯшанд ё бибӯянд, ба иллати сакта (мурда барин беҳаракат мондан) гирифтор менамояд. Гоҳ аз он шароб ҳам месозанд барои дафъ кардани бехобӣ ба ин усул: 2,4 килограмм пӯсти решаи онро дар 38 литр шароби ширин меандозанд. Инак, аз он шароб 71 грамм менӯшанд. Гоҳу пӯсти онро дар шароб то қувваташ ба он баромадан меҷӯшонанд ва барои хоби дароз овардан аз он шароб миқдори бисёре истеъмол мекунанд.
Решаи меҳргиёҳи қисми саввумро бо заъфарон бихӯранд, дарди буғумҳо, иркуннасо ва никрисро шифо мебахшад. Ва агар ин решаро ба гардан овезанд, иллати саръро ба ибро меоварад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, дарди чашм ва обравии онро дафъ мекунад.
Решаашро бо сиканҷабин биёшоманд, дилтапак (дилбозӣ)-ро шифо мебахшад.
Решаи меҳргиёҳро аз чанд ҷояш мехарошанд, аз он ҷо чун ашқ обе таровиш мекунад. Ба таги он зарферо гузошта, он обро ҷамъ мекунанд. Агар 25 грамм аз ин об бо шаҳдоб бинӯшанд, моддаи рақиқи сафро ва балғамро бо воситаи кай дафъ мекунад. Инчунин ошомидани ин оби меҳргиёҳ балғам ва сафроро бо исҳол дафъ месозад. Чун ин обро кӯдакон ва ғайра тановул намоянд, гоҳе бинобар қавӣ будани қуввати таъсираш ҳалок мекунад.
Решаи инро биёшоманд, бачадонро аз моддаҳои ғайрипок менамояд.
Чун меҳргиёҳи норасидаро бо равғани гули сурх соида, зани ҳомила ба шикам ва камари худ бимолад, бачаашро аз афтодан нигоҳ медорад.
Оби аз решааш таровишёфтаи онро ба қадри 0.25 грамм занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаро аз шиками онҳо меафтонад.
Чун решаи онро бо гӯгирди оташнадида даромехта, занон аз таг бардоранд, хунравии бачадонро қатъ мекунад. Агар инро бо коснӣ даромехта бихӯранд, сӯзиши пешобро, яъне сӯзокро шифо мебахшад. Агар инро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор