Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ин гиёҳи маълум аст, баргаш қариб ба барги коҳу монанд аст, гулаш кабуди хушманзар ва таъми ин талх мебошад.
Мизоҷи тару тозаи он дар охири дараҷаи аввал хунук ва тар аст. Агар дар ҷойҳои гарм ё дар ҳавои гарм расида бошад, мизоҷаш гармӣ ба хушкӣ моил мегардад. Ва мизоҷи коснии хушк ба хушкӣ моил аст.
Хислатҳои шифобахши он: оби баргашро батанҳоӣ ё бо сирко даромехта бимоланд, дарди сареро, ки аз гармӣ ва аз ҷамъ шудани сафро бошад, таскин медиҳад; бо сирко ва гулоб даромехта бимоланд, шаро (аллергия)-ро шифо мебахшад; бо шароби мусаллас даромехта бимоланд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад ва дарди чашмро шифо мебахшад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, дарди чашмро, ки сабабаш гармӣ бошад, ба ибро меоварад.
Решаашро ё тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Ҳамин обро бо шароби шохтут даромехта, бо он ғарғара кунанд, варами ҳалқ ва дарди гулӯро, ки дар давраи ибтидо бошанд, шифо мебахшад; инчунин инро бо оби кашнизи тар даромехта ғарғара кунанд низ, ҳамин таъсирро дорад.
Барги инро кӯфта, бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад, дили гарммизоҷонро қавӣ мегардонад, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад.
Косниро бихӯранд, гиреҳи ҷигарро мекушояд, зардпарвин ва истисқои гармро шифо мебахшад, гиреҳҳои узвҳои даруни шикам, сина ва рагҳоро мекушояд, ҷигарро қувват медиҳад, тафси хун ва ташнагиро таскин медиҳад; беҳузур (беҷо) шудани дил, ҷӯшиши сафро ва тафсидани меъда, қайи сафровӣ, шаро (аллергия), ҷӯшиши хуни сафровӣ, нағзак (гулак), сурхиҷа (кизомук) ва исҳоли сафроиро дафъ мекунад.
Оби баргашро ҷӯшонида, кафкашро дур карда бошанд, инро оби мураввақи косни меноманд. Ин оби мураввақи косниро бо сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, меъдаи гарммизоҷро қувват мебахшад, истисқо (водянка)-ро дафъ менамояд; гиреҳҳои узвҳои баданро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор