Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мекушояд, бӯи бади рутубатҳои баданиро дафъ мекунад.
Барғашро бо сирко бихӯранд, ҷӯшиши сафроро зер мекунад ва барои банд кардани исҳоли сафровӣ даво мешавад.
Оби мураввақи онро бо сиканҷабин биёшоманд, табҳои кӯҳна, таби дурӯздармиён ва табҳои хунукмизоҷро шифо мебахшад.
Барги тар, тухм, гул ва решаи инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, табҳои мураккаби кӯҳна, табҳои вабой, истиско ва иллатҳои сипурзро шифо мебахшад ва инчунин варамидани дасту поро ба ибро меоварад.
Барғашро кӯфта гузошта банданд, инчунин оби онро бимоланд ё оби онро бо равғани зайтун бинӯшанд, тарьёқи давоҳои захрнок мегардад.
Барг ва решаашро якҷо кӯфта гузошта банданд, захрҳои каждум, занбӯр, калтакалос ва дигар ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад.
Косниро кӯфта, бо орди ҷав ва сирко хамир сохта гузошта банданд, дарди буғумҳоро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад, никриси гармро шифо мебахшад; варамҳои гармро таҳлил медиҳад.
Оби барғашро бо сафедоб (белила) ва сирко даромехта бимоланд, он узвҳоро сард мегардонад, агар ин тавраш мурод бошад.
Оби барги инро ба сурб (кӯрғошим) соида ва бо равғани гулисурх даромехта бимоланд, барои саратони пешгашта давои бемисл аст.
Миқдори як бор ошомидан аз оби коснӣ дар як рӯз то 150 грамм аст.
Ошомидани коснӣ ба одами сизни сурфа дошта, ки сурфа аз сабаби варами тарафи барҷастаи ҷигар бошад, зарар дорад ва коснӣ ин қабил варамро ба ҳаракат меоварад, вале дар дигар ҳолат чандон зиён надорад.
Агар коснӣ зарар кунад, давояш шакар, шарбати бунафша ва монандӣ инҳо ошомидан аст.
Мизоҷи тухми коснӣ дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст, вале муаллифи китоби «Шифо-ул-аском» дар гармиву сарди мӯътадил ва хушк дар дараҷаи дуввум донистааст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин барои дарди сар ва дилтапак (дилбозӣ) дору мешавад, гиреҳҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор