Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
инро дар об ҷӯшонида, он обро рехта мепартоянду баъд бо тухми мурғ пухта мехӯранд. Зеро оби ҷӯши аввалаш дилро беҳузур мекунад. Инчунин ошомидани сиканҷабин ислоҳкунандаи зарари он аст барои одамони гарммизоҷ, вале барои одамони сардмизоҷ ва куҳансолон давои ислоҳбахш ҳоҷат нест.
Миқдори як бор хӯрдан аз морҷӯба дар як рӯз то 10,5 грамм аст.
Гуфтаанд, ки морҷӯба кушандаи саг аст.
Тухмашро бихӯранд, гиреҳи сипурзро мекушояд.
Агар инро бо асал ва равғани баласон бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Занони Миср тухми инро махин кӯфта, ба тухми мурғи нимпухта пӯшида, нимгарм мехӯранд ба гумони он, ки баданро фарбеҳ мекарда бошад.
Агар тухми инро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандгаштаро равон мекунад ва дар ин амал аз худи растаниаш қавитар мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз то 9 грамм аст. Ба ҷои ин ҳанзал (тарбузи абӯҷаҳл) бихӯранд, раво мебошад.
Вале ба дарун истеъмол кардани тухми ин ба меъда зарар дорад — давояш сиканҷабин ошомидан аст.
Решаашро бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад. Решаи хушкашро ос карда ба дандон гузоранд, дарди дандони напӯсидаро таскин медиҳад, вале худаш дандонро мепӯсонад.
Решаи хушкашро ба гардан овезанд, дарди дандонро таскин медиҳад ва боиси бе ҳеҷ гуна дард кандани он мегардад, агар ин тавр мурод бошад.
Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта, дар даҳан гардонанд, инчунин оберо, ки тухми он низ ҷӯшонида шуда бошад, ҳамин тавр кунанд.
хосияти боло зикршударо дорад. Ва решаашро дар об ҷӯшонида, он обро батанҳоӣ ё бо асал бинӯшонанд ва ё бо тухми харбуза бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, иллатҳои хичакро шифо мебахшад, дарди гурда ва роҳи пешобро, ки аз гиреҳ ба амал омада бошад, дафъ мекунад.
Дар китоби «Филоҳа» қайд ёфтааст, ки чун шоҳи гӯсфандро дар замин гӯр кунанду батакрор об диҳанд, морҷӯба мерӯяд — ин озмуда шудааст.
461

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор