Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

ба андозаи самари сарсабил аст, ҳангоми норасӣ кабуди сабзтоб ва дар вақти расидан сурх мегардад. Ин боғӣ ва саҳрой низ мешавад. Гулфурӯшон аксар ба дастаҳои гул ҳамроҳ менамоянд.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст ва хушкии саҳроии он зиёдтар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, торикии чашмро дафъ мекунад, зардоби дар гавҳараки чашм фуромада дар давраи аввал бошад, дафъ месозад; дарди узвҳои даруни сина ва шуш, дарди паҳлу ва истисқоро шифо мебахшад.

Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳон гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Инро бихӯранд, гиреҳи ҷигар, сипурз ва гурдаро мекушояд, дарун ва ҷигарро мулоим мекунад, бодҳои гуногун ва кулинҷ (колит)-ро таҳлил медиҳад, ҳамчун ғизо пурқувват аст, ҳазмкунандаи таом мебошад, бӯи пешоб ва арақи баданро дигар мегардонад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, гурдаро аз моддаҳои бегона пок месозад ва пешобро меронад.

Инро пухта бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, балғами ба меъда часпидаро бо қай берун меоварад, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад, бодҳоро ба ҳаракат меоварад, пешобро равон мекунад ва агар бо шароб биёшоманд, чакмезакро шифо мебахшад.

Инро ба дили наҳор бихӯранд, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, инчунин иллатҳои гурда ва ҳичакро барҳам медиҳад. Пухтаи онро бо шароб бихӯранд, газидани ғундаро дармон мешавад.

Вале агар инро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба сар зарар мекунад — давои ин зиёнаш асал хӯрдан аст. Инро бардавом бихӯранд, ба дарди пайвандҳо гирифтор мекунад, таомро дар меъда вайрон месозад ва дилро беҳузур (беҷо) мекунад. Давояш: агар ба одамони сардмизоҷ зиён расонад, асал хӯрдан аст, вале барои гарммизоҷон худи морҷӯбаро дар сирко ҷӯшонида хӯрдан аст.

Морҷӯбаро дар шир пухта бихӯранд ва инчунин танҳо бо гӯшт пухта тановул намоянд, бодҳоро қувват мебахшад ва ин тавр истеъмолаш назар ба он, ки танҳо худашро пухта мехӯрда бошанд, беҳтар таъсир дорад.

Тариқи расмшудаи истеъмоли он чунин аст, ки аввал

пешина
аз 702
навбатӣ