Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

сурфаи гарм, зот-ул-ҷанб, варами шуш ва тапиши дилро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад.

Санъати тайёр кардани арақи нилуфар чунин аст. Гули нилуфари тару тозаро бо чор баробари вазни он оби ширини соф дар анбик муқаттар менамоянд. Баъди хунук шудани арақи ҳосилшуда дар шиша нигоҳ медоранду вақти ҳоҷат истеъмол фармоянд. Ин арақ монандӣ май ва шароб мастновар нест. Дар ин амал агар гули тару тозаи нилуфар ёфт нашавад, чоряк ё нисф вазни он гули хушкашро истифода баранд, раво мебошад.

  1. Бомӯс

Ин растании зироатист, низ дар миёнаи гандум ва ҷав ҳам рӯй данаш мушоҳида мешавад. Инро ҷави дусар ҳам мемонанд. Ҳангоми дон гирифтан, вақти хомнаш досааш рост ва баъди расидан досаи он қаҷ мегардад. Донаш сафед, ки аз як парда ду дона ба ҳам мерасад. Инро ба забони русӣ овёс мемонанд.

Мизоҷаш дар гармиву сардӣ мӯътадил ва моил ба хушкӣ мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: онро бо равғанҳои ғайри қабзияттовар пухта бихӯранд, ба узвҳои даруни сина мувофиқ аст, сурфаро сиҳат мекунад, дарунро мулоим мекунад.

Бомӯсро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро дар давраи ибтидо бошанд, мегардонад ва таҳлил медиҳад.

Вале хӯрдани ин гарон ва дерҳазм аст, дар шикам бод пайдо мекунад. Давои ин зарарҳояш сирко, зираи сиёҳ, равғани бисёр хӯрдан, макидани лиму, хӯрдани биҳӣ аст. Агар ҳангоми хӯрдан ин дар сари меъда монда бошад, шириниҳоро бихӯранд, онро фуруд меоварад.

  1. Морҷӯба

Ин калимаи тоҷикист ва ба русӣ спаржа меноманд. Морҷӯба растаниест, ки баргҳояш монандӣ сӯзани борикборики бисёр мебошад, рангаш сабз аст, ки ба баргҳои сарсабил шабоҳат дорад. Гулаш сафед. Самараш

пешина
аз 702
навбатӣ