Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ба ҷон нилуфар, бунафша, бед ё гулихайрии сафедро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Решаашро бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро мебандад, сипурзро таҳлил медиҳад, захмҳои рӯдаҳоро шифо мебахшад ва беихтиёр равон шудани маниро манъ мекунад. Агар инро кӯфта, аз рӯи гузошта банданд, дарди меъда, мақъад ва ҳиҷакро шифо мебахшад, варами сипурз ва мақъадро таҳлил медиҳад.

Ин решаашро кӯфта, бо об сиришта гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва песро ба ибро меоварад, хусусан решаи сиёҳи он дар ин амал қавитар аст. Инро бо асал сиришта гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.

Агар решаи нилуфарро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро кам-кам ва бардавом бирезанд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад.

Миқдори як бор хӯрдан аз решаи нилуфар дар як рӯз аз 3,5 то 10,5 грамм аст. Ва агар аз ин зиёд бихӯранд, боҳро заиф мегардонад.

Вале тухмашро бихӯранд, боҳро суст мекунад ва маниро ғафс мегардонад. Агар инро се-чор мартаба бихӯранд, аз бачадон равон шудани рутубатҳои бемавридро хушк ва манъ мекунад.

Тухмашро кӯфта гузошта банданд, хуни рафтаистодаро мебандад, дарди ҳиҷакро таскин медиҳад, инчунин агар ҳайз беҳад ва беҷо равон мешуда бошад, мебандад.

Шароби нилуфарро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, дарди сари аз гармӣ сарзада, табҳои гарм ва табҳои сафрогӣ, сурфа, зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина), варами шуш ва дағалии узвҳои даруни синаро шифо мебахшад.

Тарзи тайёр кардани шароби нилуфар ин аст. 300 грамм гули нилуфари тару тозаро дар 1200 грамм оби ширин як шабонарӯз тар мекунанд ва баъд хуб молида, аз дока гузаронида соф карда, бо 800 грамм қанди сафед ба қивом меоваранд — ин шароби нилуфар ҳисоб меёбад. Агар гули тараш ёфт нашавад, дар ин амал сеяк ё нисфи вазни он гули тар аз нилуфари хушк тартиб диҳанд, ҷоиз аст.

Нӯшидани арақи нилуфар дарди сари гарм, табҳои сафровӣ ва табҳои диқ (логаркунанда), нағзак, сурхича,

пешина
аз 702
навбатӣ