Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
кӯфта, гузошта банданд, ҷароҳатҳои узвҳои асабониро ба ҳам мечаснонад. Агар инро бо асал сиришта гузошта банданд, сӯхтагии оташро сиҳат мекунад. Агар кӯфтан инро бо сирко сиришта гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯинад; доғҳои сафеди пӯст ва дигар доғҳои ин узвро дафъ мекунад.
Истеъмол кардани наргис барои одамони гарммизоҷ зарар дорад: онҳоро дарди сар мекунад. Давои ин зиёнаш бунафша ва кофур хӯрдан аст.
Хислати гули он дар ҳама бобатҳои тиббӣ монандӣ пиёзаки он аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз 7,5 грамм аст.
Аз гули наргис равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар шиша то нима равғани кунҷиди тоза андохта, даруни онро аз гули наргиси тару тоза пур мекунанду ба офтоб мегузоранд. Дар панҷ-шаш рӯз бӯй ва ранги гулҳо ба равған мегузарад. Он гоҳ гулҳоро фишурда аз равған дур мекунанду гулҳои нав дохил менамоянд ва ҳамин тариқ то чил рӯз дар офтоб нигоҳ медоранд. Баъд гули охирин дохил кардашударо ҳам фишурда дур месозанд, ки ин равған равғани наргис ҳисоб меёбад.
Молидани ин равған дардҳои савдовӣ ва бодиро дафъ мекунад, инчунин дарди сарро, ки аз ҷамъ шудани бод ва дарди сари аз тарӣ ва савдовиро, инчунин ҳамаи дардҳоро, ки сабабашон сардӣ бошад, дафъ мекунад; барои бемориҳои асаб мувофиқ аст, даҳани бандгаштаи бачадонро мекушояд ва дарди онро ҳам таскин медиҳад. Вале одамони гарммизоҷро дарди сар мекунад.
Мизоҷи тухмаш то дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 1,75 грамм тухми наргисро кӯфта, бо шири навдӯшида биёшоманд, боҳро (пушти камарро) бағоят ба ҳаракат меоварад.
Кӯфтан онро бо сирко сиришта гузошта банданд, доғи кунҷидак, доғи сафеди пӯст ва доғҳои сиёҳро аз пӯсти бадан дафъ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор