Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: наъноъ дар ҳама ҷиҳатҳои тиббӣ қавитар аз пудина мебошад. Агар инро бихӯранд, гармӣ мебахшад, фараҳ меоварад, дилро қавӣ мегардонад, хуни ғафсро рақиқ (суюқ) месозад, моддаҳои хунукмизоҷро пароканда менамояд. Наънои тарро бо орди ҷав даромехта, ба пешоҳӣ бимоланд, дарди сарро, ки сабабаш хунукӣ бошад, шифо медиҳад.

Оби наънои тару тозаро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи наъноъ мегӯянд. 0,5 грамм усораи наъноъро дар равғани гулисурх ҳал карда, дар бинӣ то се дафъа бирезанд, ханозер (хукгардан)-ро шифо мебахшад. Агар ин усораро дар шахдоб ҳал карда, нимгарм бичаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.

Наъноро кӯфта бар забон бимоланд, дағалии онро дафъ мекунад. Ва агар инро бихоянд, дарди дандонро сокин мекунад.

Усораи инро биёшоманд, хунравӣ ва хун қай карданро қатъ мекунад; дарди узвҳои даруни сина ва паҳлуро шифо мебахшад; рутубатҳои касабаи шуш, худи шуш ва узвҳои даруни синаро мепазонад ва барои хориҷ гаштан муҳайё месозад, инчунин узвҳои даруни синаро аз моддаҳои зарарнок пок мекунад.

Чун наъноро бо сунбул якҷо дар об биҷӯшонанд ва он обро бинӯшанд, дарди дил ва тапидани меъдаро шифо мебахшад; қуввати мосикаи (нигоҳдорандагӣ) узвҳои хозима (меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз) ва сари (даҳани) меъдаро қавӣ мегардонад, оругро барҳам медиҳад, кулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, дафъ мекунад, инчунин ҳамаи навъҳои кирми шикамро мекушояд; агар наъноро бо сирко бихӯранд, хунравиҳоро манъ мекунад.

Ду-се шохи наъноро бо оби анори турш биёшоманд, ҳиқкак (ҳикичок)-ро таскин медиҳад; беҳузур (беҷо) шудани дил, қай ва исҳолро манъ мекунад, иштиҳо меоварад, тапиши меъдаро барҳам медиҳад, дарди дил ва дарди меъдаро ба ибро меоварад. Чун наъноро бо камтар мустако бихоянд, ҳиқкак ва дилтапакро барҳам медиҳад, дилро қувват мебахшад, фараҳ меоварад, зардпарвинро дафъ мекунад ва боҳро (пушти

пешина
аз 702
навбатӣ