Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Пиёзаки хушки онро маҳин соида бипошанд, пардаи дудмонанди ба чашм афтода ва ноҳунаки ин узвро дафъ мекунад.

Пиёзаки онро кӯфта, бо асал сиришта гузошта банданд, чингак шудани асабҳои чашмро ба ибро меоварад.

Ин пиёзакро хоида ё пухта бихӯранд, бағоят поккунандаи бадан мебошад, хусусан бо асал бихӯранд, таъсираш зиёдтар мегардад ва ҳар чӣ дар меъда ҷамъ шуда бошад, хориҷ менамояд, бачадонро аз моддаҳои зарарнок пок мекунад; бачаи занони ҳомиларо хоҳ зинда бошад ва хоҳ мурда, аз шикам меафтонад, инчунин захмҳои берунӣ ва ботиниро ба ҳам меоварад. 14 грамм пиёзаки онро бо шаҳдоб (асалоб) бихӯранд, ҳамаи намудҳои кирмҳои меъдаро ихроҷ мекунад, дардҳои гуногуни хичак ва бачадонро таскин медиҳад.

Ин пиёзакро се рӯз дар шир тар намуда, баъд хушконида, соида, ба закар гузошта банданд, боҳро қувват мебахшад, закарро ҳам калон мегардонад; бар поёнтари, яъне бехи закар гузошта банданд, агар аз қобилияти мардӣ нотавон гашта бошанд, ин хислати мардиро барқарор мекунад. Пиёзаки онро батанҳоӣ тузошта банданд, боҳро қувват мебахшад ва закарро калон мегардонад.

Пиёзаки хушкро кӯфта бипошанд, хуни ҷароҳатро манъ мекунад ва худи ҷароҳатро бо ҳам оварда сиҳат менамояд. Кӯфтаи онро бо сирко ва асал хамир сохта гузошта банданд, захмҳоро пок месозад ва дубайларо, яъне кӯряраҳои калонро, ки пухта шудани онҳо хеле душвор аст, мекафонад; инро бо орди гандум ё бо орди гандуми девона ва асал хамир карда гузошта банданд, тир, хор ва монанди инҳоро, ки ба ягон ҷои бадан даромада бошанд, берун меоварад; варами асабҳоро таҳлил медиҳад. Пиёзаки онро кӯфта, бо сирко ва асал даромехта гузошта банданд, реш ва ҷароҳатҳои калон ва чуқурро аз риму чирк пок мекунад ва даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад ва торҳои гусастаи асабро ба ҳам пайваст менамояд. Инро кӯфта, бо асал сиришта гузошта банданд, дарди кӯҳнаи асабҳо, пайвандҳо (буғумҳо) ва никрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо мебошад, ба ибро меоварад, инчунин шикастагии узвҳоро ба ҳам пайваст менамояд. Агар худосро танхо

пешина
аз 702
навбатӣ