Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
пешобро равон мекунад. Агар ин обро кам-кам ва бардавом бирезанд, варамҳоро таҳлил медиҳад.
9 грамм барги хушки онро кӯфта, бо оби хунук бинӯшоманд, исҳолро мебандад.
Оби барги зардолуи талхро бичаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад ва кирми даруни онро мекушад.
Мизоҷи гули зардолу сард ва хушк аст. Агар инро бихӯранд ё хушкашро кӯфта бипошанд, хунравиҳои зоҳирӣ ва ботиниро қатъ мекунад.
Мағзи донаки талхи онро бихӯранд, дилро беҳузур мекунад, беҳушӣ меоварад. Илоҷи он қай кардан аст ва баъд рубби, яъне обҳои ҷӯшонида ғафснамудан меваҳои турши монанди оби ғӯраи ангур ва лимон ошомидан аст.
- Наргис
Ин гули хушбӯй ду навъ мебошад: яке қадахӣ, дигараш дутубақа. Гули навъи қадаҳии онро дар мобайнаш ба шакли қадаҳе ё пиёлаҷае, зардранг, баргҳои гулаш шаш адад, сафед ва моил ба гирдак. Инро наргиси нар ҳам мегӯянд ва навъи дутубақаро наргиси мода мехонанд. Баргҳои он зиёда ва бо рангҳои гуногун, аз ҷумла, бунафш. Бехреша, поя, барг ва тухмаш ба пиёзча монанд аст.
Пиёзаки наргиси қадахӣро ба шакли салиб бурида, яъне каме чок карда бишинонанд, наргиси дутубақа мерӯяд.
Мизоҷи гул ва пиёзаки он дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, як қатор табибон инро мӯътадил дар гармию хушкӣ ва баъзеи дигарон дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: гулашро бибӯянд, дарди сари балғамӣ ва савдовиро таскин медиҳад, гиреҳи майнаро мекушояд, инчунин назла ва зукомро, ки аз сардӣ бошанд, дафъ мекунад.
Табиби номӣ Ҷабраили Бахтишӯъ гуфтааст, ки ҳар кӣ хоҳад, ки дар зимистон зуком пайдо кунад, наргисро бардавом бибӯяд.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, ширинҷаро сихат мекунад ва назларо манъ месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор