Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Барғашро дар шароб пухта бимоланд, сабӯсаки сарро дафъ мекунад ва дар ин бобат давои беҳамтост.

Ҳаким ва Устоди Аввал Арасту гуфтааст, ки чун 17,5 грамм бодоми талҳро кӯфта, ба дили наҳор тановул намоянд, аз нӯшидани шароб маст намегарданд.

Мизоҷи равғани бодоми талх дар аввали дараҷаи дуввум гарм ва моил ба тарист.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, аҳлоти часпак ва савдовиро, ки дар наздики меъда бошанд, бо воситаи исҳол дафъ мекунад; бо обе, ки дар он решаи савсани кӯҳӣ ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, дамкӯтаҳӣ, варами сипурз ва бо наъноъ бихӯранд, дарди гурда ва душвории шошиданро шифо мебахшад, кулинчро дафъ мекунад; хӯфа (бӯғма) шудани гулӯгоҳи бачадонро, ки беҳушӣ меоварад, инчунин варам ва чаппа шудани онро сиҳат мебахшад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад.

Агар ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди гӯш, ҷаранг ва овозҳои гуногуни даруни онро дафъ мекунад, кирми даруни онро мекушад.

Латтаи покизаро дар ин равған олонда, занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бача ва ҳамроҳаки онро аз шикам зуд меафтонад.

Агар ин равғанро бимоланд, доғҳои рухсор, доғи кунҷидакро дафъ мекунад, ҷинҳои рӯйро ҳамвор месозад ва аз хунукӣ кафида бошад, шифо мебахшад (рӯйро).

Ин равғанро бо шароб якҷо карда бимоланд, решҳои тар, иллатҳои сипурз ва сабӯсаки сарро барҳам медиҳад.

Миқдори як бор хӯрдан аз равғани бодоми талх дар як рӯз то 17,5 грамм аст.

Шилми бодоми ширин ва бодоми талҳро дар амалиётҳои тиббӣ ба ҷои самғи (шилми) арабӣ кор фармоянд, раво мебошад.

Бодоми намакпарварди бистум кардашуда ислоҳ- бахши ҳоли бад ва ба эътидоловарандаи нафас аст, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона пок мегар- донад, пешоб ва дарунро меронад, вале дар меъда ҳазм наёфта дафъ шудани таомро ба амал меоварад. Давои ин зарарҳояш шакар хӯрдан ва шароби мусаллас ошо- мидан аст.

пешина
аз 702
навбатӣ