Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бо асал бихӯранд, гиреҳҳои ҷигар ва сипурзро мекушояд ва бемориҳои ҷигарро шифо мебахшад, зардпарвин ва иллатҳои сипурзро дафъ месозад; бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, кулинҷро мекушояд; бо майи пухтагӣ бихӯранд, иллатҳои гурдаро ба ибро меоварад, санги гурда ва ҳиҷакро майда карда мерезонад, пешобро равон мекунад ва душвор шошиданро ислоҳ менамояд, дарди бачадонро дафъ мекунад.

Мағзи инро кӯфта, дар об ҷӯшонида, бо он об сарро бишӯянд, сабӯсаки сарро дафъ мекунад ва шапушҳоро мекушояд.

Кӯфтаи инро занон аз таг бардоранд, ҳайзи бандшудаи онҳоро равон мекунад.

Инро кӯфта, бо сирко ё бо шароб сиришта гузошта банданд, решҳои кӯҳна ва даванда, обилаҳои тар, шукуфан пӯст, сабӯсаки сар, мӯрчагазак, кӯтур, хориш ва шаро (ҷӯзишҳои аллергия)-ро шифо мебахшад.

Инро кӯфта, бо сирко даромехта бимоланд, доғҳои кунҷидак ва дигар доғҳои чеҳраро пок менамояд. Агар инро бо шароб ва асал даромехта бимоланд, мӯрчагазакро шифо мебахшад. Агар танҳо худашро кӯфта гузошта банданд, газидани саги девонаро фоида дорад.

Хӯрдани бодоми талх ба рӯдаҳо зарар дорад — давояш шакар, набот ва бодоми ширин хӯрдан аст.

Инчунин барои ислоҳ кардани холи бади узвҳои ҳозима ва дарди меъда ҳар рӯз се-чор донаашро шикаста, мағзи онро хоида бихӯранд, таъсири бебадал дорад.

Решаашро кӯфта гузошта банданд, барои ҳамаи дардҳо дармон мебошад.

Мизоҷи решаи дарахти бодоми талх гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро кӯфта ё бо сӯхон тароша карда, бо равғани гулисурх сиришта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз хунукӣ бошад, шифо мебахшад, инчунин доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад.

Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, сипурз ва гурдаро аз моддаҳои зарарнок ва зиёдатӣ пок мегардонад, кулинҷро дафъ мекунад, кирмҳои меъдаро ихроҷ менамояд.

Хокистари решаи инро гузошта банданд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

пешина
аз 702
навбатӣ