Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
им мегардонад, кулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, шифо мебахшад, душвор шошиданро ба обро меоварад, барои дафъ шудани санги гурда ва хиҷак кӯмак мерасонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани бодоми ширин дар як рӯз то 50 грамм аст.
Ин равғани бодомро бо мудовамат ба мӯҳраҳои пушт бимоланд, иллати никрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту похо мебошад, дафъ мекунад ва кӯзӣ ва хамдагии пушти пиронсолонро рост ва ҳамвор мегардонад.
Равғани бодомро бо оби гарм даромехта, бо он ғарғара кунанд, дағалӣ ва дуруштии ҳалқро ба ислоҳ меоварад.
Равғани бодоми ширин ҳангоми истеъмол ба дарун ба узвҳои даруни шикам, ки заиф бошанд, зарарнок аст. Дар ин маврид мустақо бихӯранд, ислоҳи зарари он менамояд.
Барги тару тозаи бодоми ширинро кӯфта бихӯранд, дарунро меронад ва кирмҳои меъдаро мерезонад, вале хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад ва исҳолро манъ мекунад.
- Бодоми талх
Ин ҳам монанди бодоми ширин, вале мағзаш талх аст. Бинобар ҳамин ҳам дарахт ва ҳам самарашро бодоми талх номидаанд. Беҳтаринаш донааш бузург ва серравғани он аст.
Мизоҷи мағзи ин дар дараҷаи саввум гарм ва дар охири дараҷаи якум хушк аст, инчунин баъзеҳо дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: ин бодом дар бобати таҳлил додани варамҳо, пок кардан ва дафъ намудани ахлоти ғафс давои бемисл аст.
Инро кӯфта, бо сирко хамир карда гузошта банданд, дарди сарро таскин медиҳад. Ва кӯфтаи инро ба чашм кашанд, ин узвро қувват мебахшад.
Инро бихӯранд, дамкӯтаҳӣ, сурфа, варами узвҳои даруни сина ва шушро шифо мебахшад; ва агар бо нишоста бихӯранд, таъсираш зиёдтар мегардад; агар инро бо наъноъ бихӯранд, дарди гурдаро дафъ мекунад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор