Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Лиму

Ин маълум аст, ки самари он дар таъм гуногун, турш, ширин ва майхуш (туршу ширин) мебошад.
Беҳтарини он калон-калони пӯсташ тунук, ялаққосӣ, расидагӣ ва сероби он аст. Ин самар ҳангоми норасӣ сабз ва дар вақти пухта расидан зарди андак ба сурхӣ моил мешавад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум
хушк аст, баъзеҳо тар ҳам гуфтаанд.

Хислатҳои шифобахши он: ошомидани ин дарди сари, аз гармӣ ва чарх задани сар, ки сабабаш ба сар баромадани бухороти ахлоти ғализ бошад, шифо мебахшад, хуморро таскин ва варами гарми халкро таҳлил медиҳад; тапидани дилро, ки сабабаш бисёрии савдо бошад, шифо мебахшад, фишори баланди хун ва ҷӯшиши сафроро паст мегардонад; тафси меъдаро пас менишонад; қайи сафрови, беҳузур (беҷо) шудани дил, ҳазм наёфта ба қафо баргаштани таомро ба ислоҳ меоварад; моддаҳои гармро аз ҷигар ба меъда кашида берун мекунад; меъда ва ҷигари гарммизоҷро қувват мебахшад, инчунин барои табҳои сафровӣ ва аз ҷӯшиши хун содир шуда бошанд, бадбӯии хун, таби рӯздармиёни бемодда ва моддӣ даво мебошад.

Истеъмоли лиму ба дарун барои асаб ва гирифторони сурфаи хунукмизоҷ зарар дорад. Агар ҳангоми холи будани меъда бихӯранд, рӯдаҳоро заиф мегардонад ва дар ин узвҳо дард пайдо мекунад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш шакар ва асал хӯрдан аст. Огоҳ намоем, ки агар худи лимуро батанҳои бе мудовамат бихӯранд, хобро мегурезонад. Бинобар ҳамин бояд, ки инро бо шакар ё бо қанди сафед бихӯранд.

Чун лимуро бо корд бурида, тарафи буридаи онро дар оташ гарм намуда, ба пешонӣ ва чаккаҳо сар батакрор бимоланд, дарди сареро, ки сабабаш гармӣ бошад, таскин медиҳад. Ва агар буридаи онро бимоланд, донаҷаҳои дар пӯст ҷӯшида, шаро (аллергия) ва хушк шудани пӯсти баданро шифо мебахшад ва агар ба рухсора бимоланд, онро пок ва чиркҳояшро нест мекунад.

Хӯрдани лимӯ заҳрҳои ҷонварон ва заҳри давоҳои
қаттолро аз бадан дафъ мекунад. Лимӯро дар аксар
ҳолат ба ҷои сирко истеъмол менамоянд ва барои

пешина
аз 702
навбатӣ