Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

душвории нафас, нафаси роста (ростнафас) ва дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки сабабаш сардӣ бошад, шифо мебахшад.

Хӯрдани зира ҷигар, меъда, гурда ва рӯдаҳоро қувват мебахшад; иштиҳоро ба ҳаракат месозад, бодҳои дохилиро таҳлил медиҳад; ҳиккак (ҳикичок)-и рутубӣ ва бодӣ, ҳазм ноёфта фуромадани таом, дарди рӯдаҳо аз бисёрии бод, варами сипурз, исҳоли рутубӣ (дар исҳоли рутубӣ хусусан бирёнкардаи он қавитар) — ҳамаашро шифо мебахшад; пешоб ва ҳайзи бандшударо меронад, чакмезакро ба ибро меоварад.

Чун зираро бо намак якҷо хоида фурӯ баранд, равон шудани рутубатҳои бемавриди меъдаро қатъ мекунад.

Агар зираро як шабонарӯз дар сирко парварда, яъне тар карда, баъд хушк намуда бихӯранд ва ба ин амал мудовамат намоянд, одати бади хок хӯрданро қатъ мекунад.

Зираро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм хукна (клизма) кунанд, бодҳои зарарноки рӯдаҳо, меъда ва гурдаро таҳлил медиҳад, яъне пароканда месозад.

Зираро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи онҳоро қатъ менамояд.

Кӯфтаи зираро бо равғани зайтун хамир карда гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад.

Зираро бо шароб бинӯшанд, заҳри морро аз бадан дафъ мекунад.

Зираро кӯфта, бо орди боқило сиришта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад; бо мумравғани зайтунӣ ва бо орди боқило сиришта гузошта банданд, варами хояҳоро пас мегардонад.

Агар зираи кӯфтаро ба захм ва ҷароҳатҳо пур кунанд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

Зираро кӯфта, бо об сиришта бимоланд ё бо он бишӯянд, башараро пок мегардонад.

Зираро бардавом бихӯранд ё арақи онро муттасил бинӯшанд, баданро лоғар ва рангро зард мекунад.

Чун оби зираро бар бадани тифли навзод бимоланд, дар тамоми умр дар бадани ӯ шапуш пайдо намегардад.

Вале хӯрдани зира ба шуш зарар дорад — давояш катиро хӯрдан аст.

пешина
аз 702
навбатӣ