Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва инчунин бадтарин намуди дарди гулӯзиндонак (хурӯсак) гарданд, дар об ҷӯшонида, он обро менӯшанд, дар як интиҳояш, дар ду дафъа сиҳат меёбанд.
- Зира
Ин тухми растаниест аз арпабодиён бориктар ва ба ранг гуногун мешавад: сиёҳ, сабз, зард ва сафед.
Баргаш гирдшакл, куббаи он монанди шибит аст, хушбӯй, дар аксари маҳалҳо месабзад. Ҳар як намуди зира бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ низ дорад. Даштии он ҳамчун даво аз бӯстонӣ қавитар ва кӯҳнаш аз даштӣ пуркувваттар аст. Як навъ даштиашро баргмонанди шоҳитара аст, тухмаш анбӯҳ ва ба сиёҳдона шабоҳат дорад. Қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввув гарм ва дар саввум хушк аст, вале ба қавли баъзе табибон гармӣ ва хушкиаш дар дараҷаи саввум мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: зираро як шаб дар сирко тар карда, баъд дар бинӣ бирезанд ё он сиркоеро, ки зира дар он тар карда шуда бошад, дар бинӣ кашанд ва ё даруни биниро аз он зираи тар кардашуда пур кунанд, хуни биниро мебандад.
Зираро як шабонарӯз дар об тар карда, баъд он обро дар чашм чаконанд, ҳунравии онро қатъ мекунад, пардаи дар он афтодаеро, ки чашмро торик мегардонад, пок месозад, реши чашмро шифо мебахшад, нуқтаҳои сурхи даруни чашмро мебардорад, қабудии хуни дар зери пӯст мурдаро дафъ менамояд (барои охиринаш хусусан, ки бо равғани зайтун даромехта чаконанд, беҳтар аст).
Зираро бо намак хоида оби онро дар чашм чаконанд, кӯтури чашм ва сурхии онро дафъ мекунад; инчунин баъд аз бурида дур сохтани ноҳунак биҷаконанд, ба ҳам часпидани ҷои онро манъ месозад; зираро бо сафедаи тухми мурғ якҷо хоида биҷаконанд, дарди чашмро, ки сабабаш гармӣ бошад, шифо мебахшад.
Зираро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, назлаҳоро мебандад ва дарди дандонро таскин медиҳад, хусусан бо кокутӣ ҷӯшонида бошанд, дар ин бобат қавитар мегардад.
Зираро бо обе, ки сирко омехта бошад, биӯшоманд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор