Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дорад, инчунин ба асаб ҳам зиёнкор аст, низ кулинҷро пайдо мекунад. Барои дафъи зарари он асал ва дигар шириниҳо хӯрдан кифоя аст.

Агар ин нокро бо бухори об ё дар хамир печида, дар зери оташ бипазанд ва ё бо асал ва шакар мураббо карда бихӯранд, он гоҳ безарар мегардад, фақат фоида мебахшад.

Ноки даштиро дарахташ майдатар, инчунин мевааш ҳам резатар, беоб, таъмаш ба тунчӣ моил ва гӯё дарунаш пури рег бошад, чунин махсус мешавад ҳангоми хоидан.

Мизоҷи ин дар дараҷаи дуввум сард ва дар саввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: талқони хушки онро бихӯранд, исҳолро мебандад. Агар ордаки инро бипошанд, ҷароҳатҳоро хушк мегардонад ва дар захмҳо гӯшти нав мерӯёнад.

Ин навъи нок бар зидди заҳри замбӯруғ тарьёқ мебошад, чун инро бо замбӯруғи заҳрнок якҷо бипазанд, заҳри онро нест мекунад.

Хокистари чӯби онро бихӯранд, аз заҳрнок гаштан ба дарди гулӯи шадид гирифтор шуда бошанд, сиҳат мекунад, инчунин аз дигар чизҳо заҳролуд гашта бошанд, ислоҳи зарари он менамояд.

Вале хӯрдани ноки даштӣ ба асаб зарар дорад, инчунин иллати кулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, пайдо мекунад. Дар ин мавридҳои зарар ёфтан аз хӯрдани ин, давояш асал ва дигар давоҳои хушбӯй хӯрдан аст.

Ноки кӯҳӣ, ки инро олмуруб ҳам меноманд, ду навъ аст. Як навъаш дар кӯҳсорҳои минтақаҳои гарм мерӯяд, ин калонтар аст ва дар вақташ пухта мерасад, бисёр хушӯри лазиз аст. Навъи дигараш дар кӯҳсорҳои сард мерӯяд, ки самари ин ба зудӣ пухта намегардад, ҳатто бар болояш барф меборад, вале ҳамон тавр сахт ва даруни гӯшташ гӯё пур аз рег бошад, ҳангоми хоидан махсус мешавад. Таъмаш тунч ва турш аст, ҳаҷмаш майдатар аз олу, вале ба шакли нок санавбаришакл аст. Инро мардуми соиф дар ҳамон хомиаш дар вақти тирамоҳ чида, дар хона хушк мекунанд бисёр сертухм аст.

Ҳангоми ҳоҷат ба касоне, ки гирифтори дарди гулӯ

пешина
аз 702
навбатӣ