Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Тухми нок бадмаза, агар бихӯранд, дилро беҳузур (беҷо) мекунад, вале агар 9 грамми онро кӯфта бихӯранд, кирми меъдаро кушта ихроҷ менамояд.
17,5 грамм баргашро бихӯранд, исҳолро мебандад.
Агар барги хушки онро кӯфта бипошанд, ҷароҳатҳоро хушк гардонида сиҳат мебахшад.
Шилмаш таҳлилдиҳанда ва башиддат пазонанда
аст.
Чӯб ва барги нокро сӯхта, чун сурма ба чашм кашанд, таъсираш монанди тӯтиё мебошад. Сӯхтаи инро бипошанд, захмҳоро хушк мегардонад.
Ноки ширин ва пухтагии он чандон зарар надорад, хусусан барои одамони гарммизоҷ безиён аст, вале ба касони сардмизоҷи заифмеъда зиён мекунад.
Агар нокро бисёр бихӯранд, бод пайдо мекунад ва хусусан ҳоми норасидаи онро бисёр бихӯранд, ҳатто иллати кулинҷро ба амал меоварад. Ҳангоми зарар расониданаш занҷабилро дар сирко тар карда ва арпабодиён истеъмол намоянд, то ки ислоҳи зарари он намояд.
Аммо бояд, ки нокро дар вақти холӣ будани меъда нахӯранд, балки баъди аз меъда фуромадани таоми хӯрдашуда, нокро истеъмол фармоянд. Нокро хӯрда, аз болояш оби хунук нанӯшанд, таоми бадҳазм нахӯранд, инчунин онро бо гӯшт якҷо хӯрдан раво нест, аммо бо шӯрбои гӯшти паррандаҳои сабукҳазм хӯрдан мумкин аст.
Ноки туршро ноки чинӣ ҳам меноманд. Беҳтарини
ин низ пухтагии сероби он аст.
Мизоҷи ноки турш дар дараҷаи якум сард ва дар
дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, меъда ва ҷигарро қувват мебахшад, ба таом иштиҳо меоварад, фишори баланди хун ва сафроро паст мекунад, инчунин ҷӯшиши ин ду моддаро дар бадан сокин мегардонад, баромадани бухорро ба майна манъ менамояд, дар бадан моддаҳои солим пайдо месозад; ташнагӣ ва кайро монеъ мешавад хоҳ тар ва хоҳ хушкашро бихӯранд. Агар аз болои таом бихӯранд, ба мағзи сар баромадани бухорҳои зарарнокро манъ мекунад.
Вале хӯрдани ноки турш ба пирон, ба беморони
иллати кулинҷдоштагон ва одамони сардмизоҷ зарар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор