Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Агар ин тухмашро сӯхта, дудашро ба мавзеъ бигиранд, бавосирро шифо мебахшад.
Усораи тухмашро, яъне оби тухмашро дар офтоб ғафс гардонида, гузошта банданд, барои газидани афъӣ дору мешавад, доғи кунҷидак ва дигар доғҳои пӯстро дафъ мекунад, инчунин ҳамаи дардҳоеро, ки аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад.
Вале истеъмоли тухми гандано ба дарун барои гурда ва ҳичак зарар дорад — давояш асал хӯрдан аст.
- Нок
Ин дарахтест, ки навъҳояш гуногун ва самараш ранг ба ранг мебошад, ки инро амруд ҳам меноманд. Беҳтарини он ноки сероби ширин ва пӯсташ нафиси он аст.
Мизоҷи ноки пухтагӣ, ширин ва сероби он моил ба гармӣ, яъне дар дараҷаи якум гарм аст ва дар дараҷаи дуввум тар мебошад; мизоҷи дигар қисмҳои он дар ҳарорат мӯътадил ва дар дараҷаи дуввум тар, вале баъзеаш моил ба хушкӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: пухтагии онро бихӯранд, майнаро аз намӣ таъмин мекунад, назлаҳоро дафъ месозад аз боиси он, ки ба майна баромадани бухорҳоро манъ менамояд. Инчунин хӯрдани он фараҳ меоварад; дил, меъда ва дигар узвҳои ҳозимаро қувват мебахшад: дилтапак (дилбозӣ), ташнагӣ ва сӯзиши ҳичакро дафъ мекунад, ҳолати бади хунро ба эътидол меоварад, дарупро мулоим мекунад; баъд аз ҳазм ёфтан баромадани бухоротро ба майна манъ менамояд, хусусан, ки нокро баъд аз таом бихӯранд, ин хислаташ зиёда мегардад.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, ба узвҳо рехта шудани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад.
Нок дафъкунандаи заҳри замбӯруғҳо мебошад. Чун замбӯруғи заҳрнокро бо нок якҷо бипазанд, заҳрнокиашро дафъ мекунад ва зарари он нест мешавад.
Мизоҷи ҳамаи қисмҳои дигари дарахти нок сард ва хушк аст.
Гулашро бихӯранд, фараҳ меоварад, дилро қувват мебахшад, хун кай карданро манъ мекунад, исҳолро мебандад. Агар кӯфта гузошта банданд, варами чашмро таҳлил медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор