Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

ояндаро хушк мекунад ва намегузорад, ки бачадон занони ҳомила бияфтад.

Пиёзи ганданоро дар об бо сирко ва намак ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, даҳони бастагии бачадонро мекушояд ва инчунин сахтиҳояшро таҳлил медиҳад.

Он обро, ки дар он пиёзи гандано ҷӯшонида шуда бошад, бимоланд, бавосирро нафъ дорад ва боҳро қувват мебахшад.

Оби ганданоро бо равғани гулисурх ва сиркои кӯҳна даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди ин узвро таскин медиҳад ва ҷаранги онро дафъ мекунад.

Пиёзи онро кӯфта гузошта банданд, барои газидани ҷонварони заҳрнок ва мори афъӣ тарйяк мешавад, инчунин онро бо шароб бинӯшоманд, заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад.

Пиёзи ганданоро кӯфта, бо кӯфтаи татум хамир сохта гузошта банданд, шаро (аллергия) ва озахҳоро дафъ мекунад; бо намак даромехта банданд, захмҳои ҳабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад.

Хӯрдани ҳамаи навъҳои гандано назар ба пиёз дерҳазм аст, боднок ва бодангез мебошад, хунро месӯзонад, чашмро хира мекунад ва милки дандонро вайрон месозад, ба одамони гарммизоҷ зарар дорад: дидани хобҳои бадро ба амал меоварад. Давои ҳамаи ин гуна зарарҳояш — кашниз ва коснии тару тоза хӯрдан аст.

Чун корд ва ғайра теғҳоро бо оби гандано об диҳанд, тезӣ ва буррогии онҳо нест намегардад, яъне ҳеҷ кунд намешавад.

Мизоҷи тухмаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: 9 грамм тухми онро бо ҳамин миқдор тухми мӯрд бихӯранд ҳамаи бемориҳоеро, ки аз сардӣ бошанд, дафъ мекунад; хун кай кардан ва хунравиҳоро манъ мекунад; гиреҳи балғамчаи ҷигарро мекушояд, иштиҳо меоварад, гурда ва ҳичакро қувват мебахшад. Агар инро бо шароб бинӯшоманд, қуввати боҳ мебахшад ва боҳро бағоят ба ҳаракат меоварад. Тухми ганданоро то бӯяш баромадан тафсонида, бо самари мӯрд бихӯранд, рафтани дарун ва хуни мақъадро мебандад.

пешина
аз 702
навбатӣ