Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

(ёраки) бачаи онҳоро аз шикам меафтонад, ҳайзи бандшударо мекушояд.
Аммо 9 грамми ин гиёҳро бихӯранд, мекушояд.
Агар гиёҳи хушки онро кӯфта, бо ҳамвазни он орди гандум хамир карда, ба узве гузоранд, барсбари доғ аст.

  1. Гандано

Пиёзи гандано навъҳои гуногун дорад: даштӣ, кӯҳӣ ва бӯстонӣ. Беҳтаринаш бӯстонӣ аст, ки онро мардум мекоранд ва пухта мехӯранд. Ин бинобар тунд-таъм буданаш «пиёзи гандано» ҳам мемонанд. Баргаш монандӣ барги пиёз борик, аз миёни баргҳояш поя бармеоварад, дар сари пояаш монандӣ пиёз гул мекунад, тухмаш низ чун тухми пиёз сиёҳ мебошад.
Мизоҷи ин пиёз дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: баргашро кӯфта, бо сирко сиришта, ба пеши сар бимоланд ё гузошта банданд, хуни биниро манъ мекунад.
Агар барги онро бихӯранд, қасабаи шушро, яъне роҳи нафасро пок мегардонад, гиреҳи ҷигарро мекушояд; ҳозима ва камарро қувват мебахшад, дарунро мулоим мекунад; кулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст ва онро ба русӣ колит мемонанд, дафъ мекунад: пешоб ва ҳайзро равон месозад; агар баъд аз таом бихӯранд, дар меъда турш шудани онро манъ мекунад ва барои ҳазм ёрӣ мерасонад, боҳро қувват мебахшад.
16 грамм аз оби он бинӯшанд, хуни бавосирро қатъ мегардонад, боҳро ба ҳаракат меоварад. Агар ин миқдор оби онро бо асал биёшоманд, бемориҳои узвҳои даруни синаро, ки аз сардӣ ва тарӣ бошанд, шифо мебахшад; варами шушро таҳлил медиҳад ва ҳамаи ин иллатҳоро мепазонанд. Агар инро бо оби ҷав ва онро бо ҷав пухта бихӯранд, дарди узвҳои даруни сина ва дамкӯтаҳиро сиҳат мекунад. Барги онро як шаб дар сирко тар карда, баъд бихӯранд, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, кулинҷро дафъ мекунад.
Баргашро кӯфта бихӯранд, боҳро қавӣ мегардонад ва барои бавосир фоида дорад. Инчунин баргашро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, рутубати беҷон аз баҷадон

пешина
аз 702
навбатӣ