Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

медиҳад, решҳои кӯҳнаи гӯшро дафъ мекунад ва решро аз фасод кардан нигоҳ медорад. Аммо зарари ин ҳамин, ки агар инро бисёр бихӯранд, карактӣ меоварад. Дар ин ҳолат гулканд бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.

Миқдори як бор хӯрдан аз пӯст (парда) ва самари он то 17 грамм аст.

Пардаарӯсаки кӯҳиро бихӯранд ҳам, пешоби бандшударо равон мекунад. Аз ин 4,5 грамм бихӯранд, хоб меоварад, вале аз ин зиёд бихӯранд, ақлро беҷо ва девона мекунад.

  1. Чинорак

Ин растанӣ аксар дар ҷойҳои обдор ва намнок мерӯяд. Баргаш монандӣ барги чинор аст, бинобар ҳамин чунин номидаанд. Гулаш зарди тиллоранг, инчунин бунафш ва сафед ҳам мешавад. Намуди гиёҳаш дар ҳаҷм хеле бисёр мебошад.

Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи саввум хушк ва дар дуввум гарм аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин бисёр тез аст, захмин ва решкунанда мебошад, пӯстро мехезонад, сӯзанда ва ба хориш оваранда мебошад, хуллас, инро ба дарун истеъмол намефармоянд.

Решаашро хушконида, кӯфта, дар бинӣ бирезанд, атса меоварад ва қавитар аз кундуш аст. Агар ин решаашро маҳин кӯфта, бо об сиришта, аз берун бимоланд, луққосзанон дард кардани дандонро таскин медиҳад ва агар худи инро ба дандонҳо бимоланд, онҳоро реза карда меафтонад. Ва агар онро дар об ҷӯшонида, он обро бирезанд, донача ва обилаҳои ширинчаро дафъ мекунад.

Агар решаи онро кӯфта бимоланд, кӯтур, донача ва обилаҳо, озахҳои мехшакл ва ғуддаҳои овезонро қатъ мекунад.

Барг ва шоҳи тари онро кӯфта, бо равғанҳо хамир
сохта гузошта банданд, кӯтури одамӣ ва ҳайвонотро
шифо мебахшад, доғи пес ва сафедии нохунро дафъ
мекунад; озахҳои гуногунро мерезонад, ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад. Агар
ин таркибро занҳо аз таг бардоранд, бача ва ҳамроҳаки

пешина
аз 702
навбатӣ