Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ин равған барои табҳои сӯзон, вабой ва тоун (чума) даво мешавад, ки ба давоҳои ин бемориҳо илова карда мехӯранд ва инчунин барои захмҳои хабиса (злокачественные язвы) низ. Ин равғанро ба забони русӣ камфорное масло меноманд.
- Пардаарӯсак
Ин гиёҳ аз оилаи сагангурҳо мебошад. «Пардаарӯсак» аз ҳамин боис номида шудааст, ки самараш ба андозаи сари пистони занҳо дар даруни пардае, ки ба шакли ҳичак ва дар бузургӣ чун мантӯ ё тушбера аст, ҷой гирифтааст. Даруни он парда ба ғайр аз самари он дигар ҳеҷ чиз надорад, балки ковок ва холӣ мебошад. Пардааш ҳам, донааш ҳам дар вақти хомӣ сабз ва бипазад, сурх мегарданд. Баргаш монандӣ барги сагангур, вале аз он дарозтар, гулаш сафеди моил ба сурхӣ мебошад. Ин растанӣ ду навъ аст: кӯҳӣ ва бӯстонӣ. Дар тиб парда ва самари навъи бӯстониаш кор фармуда мешавад. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад.
Мизоҷи пардаарӯсаки бӯстонӣ сард ва хушк аст дар дараҷаи дуввум, вале мизоҷи кӯҳии он дар дараҷаи саввум сард ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: оби самари расидаи (пухтагии) онро дар гӯш чаконанд, решҳои кӯҳнаи гӯшро дармон мешавад. Хӯрдани самари пухтагии пардаарӯсак, иллати дамкӯтаҳӣ, обхӯра, яъне ташнагии доимӣ ва душвории нафасро шифо мебахшад, моддаи сафроро бо воситаи пешоб аз бадан хориҷ менамояд; ҳамаи навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро, ҳатто кирми кадудонаро, ки ба русӣ солитер меноманд, дафъ мекунад, пешоби бандшударо равон месозад; бемориҳои гурда ва ҳичак, инчунин захмҳои ин аъзоро шифо мебахшад; холи бади ҷигарро ислоҳ мекунад.
Ҳар рӯз 4,5 грамм аз самари он бихӯранд, зардпарвинро дафъ мекунад.
Агар зан баъд аз пок шудан аз ҳайз ҳафт адад самари пухтагии онро фурӯ барад, ҳамон моҳ ҳомила намешавад.
Оби самари онро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи самари пардаарӯсак меноманд. Усораи инро бимоланд, сахтиҳои бадан ва бавосир (геморрой)-ро таҳлил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор