Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

кирмхӯрда бигузоранд, зиёд шудани ковоки онро манъ мекунад.

Кофурро бо мушк ва анбар бихӯранд, низоми сардии онро ба эътидол меоварад ва рӯҳи ҳайвониро, ки мақомаш дил аст, рӯҳи нафсониро, ки маҳзаш майна аст, дар одамони сардмизоҷ ва заиф қувват мебахшад: бар зидди заҳрҳои гарммизоҷ аз ҷумла заҳри каждуми чаррора, ки қаттолтарин аст, тарйёқ мебошад.

Хӯрдани кофур табҳои диқ (логаркунанда) ва гарми тезро шифо мебахшад, вале табҳои моддиро, яъне табҳоеро, ки аз зиёд гаштани яке аз чор модда (хилт), ки хун, балғам, сафро ва савдо бошад, зарар дорад.

Хӯрдани кофур барои одамони сардмизоҷ ва заифмизоҷ зарар дорад, дарди сар меоварад, меъдаро суст мекунад, узвҳои ғизоро ҳам суст менамояд, инчунин барои боҳ (пушти камар) ҳам зиён дорад (ҳатто бисёр бӯйданаш ҳам зарар меоварад), маниро сахт мегардонад, гурда ва ҳичакро хунук месозад. Кофур дар бобати зарар кардан ба боҳ аз афюн бадтар аст. Агар кофурро аз ҳад бисёр бибӯянд, бинобар бисёр баланд будани дараҷаи хушкии мизоҷаш бехобиро ба амал меоварад, боиси сафед гаштани мӯй ва пир шудани одам мегардад, иштиҳо ва наслро қатъ мекунад, дар гурда ва ҳичак санг пайдо мекунад. Ҳамаи ин зарарҳои кофурро мушк, анбар, хояи сагобӣ, давоҳои гарммизоҷи хушбӯй, гулканд, равғани севсан, равғани гулихайрӣ, равғани бунафша, равғани наргис ва монанди инҳоро бихӯранд, дафъ мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан аз кофур дар як рӯз то 0,5 грамм аст. Вале агар 9 граммашро бихӯранд, боҳро қатъ ва меъдаро вайрон мекунад. Ба қавли баъзеҳо 9 грамми он кушанда мебошад.

Мегӯянд, ки агар зан кофурро дар фарҷи худ бимолад, мард ба он зан қодир намегардад.

Аз кофур равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Равғани кунҷиди сафеди навро гирифта, ба даруни он ҳар қадар, ки хоҳанд, кофур андозанд, як шаб ҳамон тавр бигузоранд. Рӯзи дигар ҳамаи онро ба шишае, ки гили бӯта молида шуда бошад, бирезанд. Он шишаро дар деги анбиқ андохта, дар оташ равған кашанд. Баъд он равғанро дар шишаи мукаррарӣ рехта, даҳанашро маҳкам кунанду вақти ҳоҷат ба кор баранд.

пешина
аз 702
навбатӣ