Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
кофурро ос карда дар бинӣ бирезанд, низ барои бемориҳои вобаста ба майна ва фарах бахшидан дору мешавад. Барои иллатҳои зот-ул-ҷанб ва сил аз рӯ молиданаш низ кифоя мебошад. Инро бо гулоб даромехта бихӯранд, дарди сари аз гармӣ сарзадаро таскин медиҳад, ҳавосс (ҳамаи ҳисҳо) ва узвҳои мағзи сарро қавӣ мегардонад.
Ин шилм (кофур)-ро бо равғани гулисурх ё бо сиркои ангурӣ даромехта, ба пеши сар бимоланд, дарди сари сафровиро таскин медиҳад. Агар бо барги кашнизи тар ё бо барги зуф кӯфта, ба тораки сар бигузоранд, хуни биниро манъ мекунад.
Ба миқдори як ё ду ҷави онро бо оби барги кашниз ё бо сирко даромехта, дар бинӣ бирезанд, хуни биниро манъ мекунад. Инро бо барги коҳу якҷо кӯфта, ба сар гузошта банданд ва дар оби барги коҳу ҳал карда, дар бинӣ бирезанд, бехобии гармизоҷонро ба ибро меоварад ва ҳарорати баланди майнаро таскин медиҳад; агар бо равғани гулисурх даромехта бимоланд, варамҳои гармро пас мегардонад.
Кофурро маҳин ос карда, ба чашм бипошанд, дарди чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад; бо оби кашниз ва сурма — ҳамаро якҷо соида, ба чашм кашанд, баромадани обиларо дар чашм ҳангоми бемории нағзак ва сурҳакон манъ мекунад ва агар баромада бошанд, зуд онҳоро дафъ месозад; инчунин кофурро бо оби тӯхмушӯлак даромехта ба чашм кашанд, ҳамин хосиятро дорад.
Кофурро дар равғани гулисурх ҳал карда, дар бинӣ чаконанд, вайроннии мизоҷи сар ва чашмро ислоҳ мекунад. (Вайроншавии соддаи мизоҷи майна ва чашм он аст, ки ҳангоми баланд хестани офтоб ба само ва зиёда гаштани нури он, бемории майна ва чашм авҷ мегирад ва агар офтоб поён фурояд ва дар вақти шаб иллат суст мегардад).
Кофурро дар оби кашнизи тару тоза ҳал карда, дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад ва хуни биниро, ки аз майна ва пардаҳои он ояд, манъ мекунад.
Кофурро дар гулоб ҳал карда, бо он ғарғара кунанд ё онро дар даҳан гардонанд, дарди дандони кирмхӯрдаро таскин медиҳад; ҷӯшиши, яъне пухтани даҳанро шифо мебахшад. Кофурро дар ковоки дандони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор