Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
аст, аммо гармиаш назар ба хушкаяш камтар мебошад.
Ин барои реши чашм, таҳлил додани ханозер, варамҳои зери бағал ва каши рон, инчунин барои доғи пес даво мешавад.
0,5 грамми онро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад, ҳамроҳаки (ёрэки) бачаро зуд хориҷ мекунад ва ҳайзи бандгаштаро равон менамояд.
Аз судоб равған ҳам тайёр мекунанд ба ин роҳ. Як миқдори онро бо чор миқдори он об ва даҳ миқдор равғани зайтун дар зарфе бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки қисми обӣ тамоман бухор шуда раваду равған бимонад. Ин равғани судоб ҳисоб меёбад.
Инро бимоланд, нотавонии аъзо, сардии гурда ва бачадон, дарди паҳлу ва камар, инчунин дарди бачадонро, ки аз хафа (бӯғма) шудани гулӯгоҳи он ҳодис шуда бошад, шифо мебахшад; бодҳои гуногунро таҳлил медиҳад ва ларзи табҳоро дафъ мекунад. Агар 12,5 грамми онро дар ҳаммом бихӯранд, ларзакро дафъ мекунад. 0,5 грамми онро дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро ислоҳ мекунад.
Агар бо ин равған нимгарм ҳуқна кунанд, қулинҷи бодӣ ва моддиро сиҳат мебахшад ва агар инро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳо ва ҳамроҳаки тифлро аз шикам меафтонад, ҳайзи бандшударо чизи равон мекунад.
- Кофур
Ин шилми дарахти азимест, ки аксар ин дарахт дар сарзаминҳои ҷануби шарқи Осиё парвариш меёбад, инчунин дар соҳили баҳри Сиёҳи Қафказ мавҷуд аст.
Мизоҷи ин шилм дар дараҷаи саввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, фарах
мебахшад, дил ва майнаро қавӣ месозад; таби диқ
(логаркунанда) ва дигар табҳои шадидро дафъ мекунад; инчунин зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни
сина), захми шуш ва силро шифо мебахшад; исҳоли
гарм ва сафровии бенизомро ба ибро меоварад; ташнагӣ, тафси ҷигар ва гурдаро таскин медиҳад, сӯзиши
пешобро, ки сӯзок ҳам меноманд, сиҳат мекунад. Агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор