Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Миқдори як бор хӯрдан аз зира дар як рӯз то 7 грамм аст.
Зира барои одамони хунукмизоҷ, пирон ва балғамимизоҷон бисёр фоида дорад. Чун инро бо хӯришҳои хушбӯи таом, масалан, бо шибит ва дорчинӣ, ҳангоми пухтани гӯшти бадҳазм дохил намоянд, онҳоро сабукҳазм, қавӣ мегардонад, дарунро мулоим менамояд, пешобро меронад ва бодҳоро таҳлилдиҳанда мебошад.
- Печак
Ин гиёҳест, ки ҳар чӣ наздикаш бошад, ба он мепечад. Намудаш гуногун: сафед, сурх, зард ва бунафш аст. Тухмаш дар ғилофе сиёҳи моил ба сурхӣ ва қисме аз он бесамар мебошад. Биёраи ҳамаи навъҳои печак ширдор аст. Беҳтарини печакҳо қисми майдаи он аст.
Мизоҷи навъи калони он мураккаб-ул-қувват, Ҷолинус дар дараҷаи дуввум сард ва хушк гуфтааст, вале табиб Юҳано бинни Мосавия гарм донистааст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳҳои баданро мекушояд, дарунро мулоим мекунад, исҳол меоварад. Агар инро дар об биҷӯшонанд, қуввати гиреҳкушояш зиёда, вале дар овардани исҳол заиф мегардад бинобар он, ки рутубатҳояш дар вақти ҷӯшидан таҳлил меёбанд. Аммо оби фушурдаи он акси ин хосиятро дорад.
Оби гиёҳи тару тозаи онро бо решаи савсани кӯҳӣ, натрун (танакори арманӣ) ва асал даромехта, дар бинӣ бирезанд, дарди сари кӯҳнаро шифо мебахшад.
Усораи онро, яъне оби гиёҳи тару тозаи онро дар офтоб ғафс гардонида, бо равғани зайтун даромехта чаконанд ва ё пахтаро ба он олонда дар гӯш гузоранд, дарди гӯшро таскин медиҳад ва даруни онро аз чирк пок мегардонад.
Барги печаки калони навъи сафеди онро биёшоманд, дарди сар, бемориҳои узвҳои даруни сина ва шушро шифо мебахшад, инчунин гиреҳи ҷигарро мекушояд. Агар обашро бинӯшанд, сурфаеро, ки аз баста шудани дарун мегирифта бошад ва кулинчи аз моддаи гарм ба амаломадаро дафъ мекунад, сафрори сӯхтаро бо воситаи исҳол аз бадан меронад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор